Шаҳло Ҳафизова сарояндаи ҷавон ва боистеъдодест, ки бо таронаҳои ҷаззоб ва шеваи хоси сарояндагиаш дар як муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони ҳунар роҳ ёфтааст. Ин ҳунарманди маҳбуб чанд муддат қабл ба саволҳои мухлисонаш посух гуфт.
Аввалин мавзӯъе, ки сароянда ба он равшанӣ андохт, ин овозаи тарки саҳна намуданаш буд. Шаҳло ба саволи ҳаводорони ҳунараш, ки сабаби дер-дер суруд эҷод намуданашропурсон шуданд, посух дода аз ҷумла гуфт: “Ин нав модда шудааст, ки бояд ҳар ҳафта суруди нав барорӣ. Чизи хуб вақти зиёд талаб мекунад. Дар дигар давлатҳо сарояндагон дар як сол аз 2 суруд зиёд намебароранд”.
Дар идомаи суҳбат Шаҳло ваъда дод, ки ба наздикӣ клиптаронаи хуберо пешкаши мухлисонаш хоҳад намуд.
“Умедворам, ки ба мухлисони азизам писанд меояд”,- гуфт сароянда.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳло Ҳафизова ду ҳафта қабл суруди навашро бо номи “Балҷувон” дар ютуб-канали хеш пешкаши мухлисони савту наво сохт, ки то имрӯз зиёда аз 250 ҳазор нафар тамошо кардаанд.