Sebiston new 2024 october
Шаҳло бо духтарчааш ба Русия рафту...
24.10.2022
ОИЛА
1871



Салом! Ман Шаҳло, 30-сола ва модари ду фарзанд мебошам. Аслан зодаи ноҳияи Панҷ ҳастам, вале бо амри тақдир дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шавҳар баромадам.

Шавҳари ман ҳам қатори дигар ҷавонмардони тоҷик ба Русия мардикорӣ рафта меояд. Пештар худаш танҳо мерафт ва дар як сол танҳо як маротиба ба Ватан омада, ҳамагӣ як-якуним моҳ мисли меҳмон меистоду дубора роҳи кишвари русро пеш мегирифт.

Худованд баъди як соли хонадориамон ба мо духтарчаи дӯстрӯякеро ҳадя карда бошад ҳам, баъди тавлиди Азизаҷон муддати 5-6 соли дигар ҳомиладор нашудам. Хушдоманам, ки худаш духтур аст, писарашро насиҳат кард, ки маро бо худ ба Русия барад, то ки умри ҷавонамон беҳуда нагузашта, боз соҳиби фарзанд гардем. Шавҳарам аввал “оча, худатон нағз медонед, ки Россия ҷойи истироҳат ва кайфу сафо нест, мо, мардҳо худамон базӯр дар кишвари рус рӯз гузаронида, дар як хона 15-20 нафарӣ зиндагӣ мекунем.

Ман чӣ хел шароити он ҷойро дидаву дониста, зану кӯдакамро мебарам” гӯён, розӣ нашуд, вале модаршӯям оқибат бо панду насиҳат писарашроба гап даровард. Ҳамин тавр соли 2018 шавҳарам маро бо худ ба Федератсияи Россия бурд. Нархи хонаи иҷора хеле қимат буд, барои ҳамин ман хостам духтарчаамро ба ягон боғчаи бачагона дода, ба кор даромада, дар кашидани бори зиндагӣ ба шавҳарам ёрӣ расонам.

Бо шавҳарам маслиҳат карда, даводави бисёрекардем ва ҳуҷҷатҳои духтарчаамро тахт карда, кӯдакро дар боғча ба навбат гузоштем, вале қариб як сол навбат поида бошем ҳам, ҳеҷ навбатамон нарасид.

Соли 2019 пандемияи каронавирус сар шуд ва аввалҳои соли 2020 қатори дигар оилаҳои муҳоҷири тоҷик мо ҳам ба Ватан баргаштем. Ҳамон шабу рӯзҳо ман ҳомиладор будам ва баъди ба Тоҷикистон баргаштан писар таваллуд кардам, аммо кӯдак ҳамагӣ ду соат зинда монда, баъд бо сабаби норасоии кори шуш вафот кард.
Дубора навмед шудани маро дида, хушдоманам боз шавҳарамро маҷбур кард, ки маро бо худ ба Русия барад. Духтарчаам аллакай дар мактаби деҳа дар синфи 1 мехонд ва дар нимаи соли хониш мо ӯро ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бурдем. Барои он ки кӯдак аз мактаб намонад, даводави бисёре кардем, аммо гоҳ ин ҳуҷҷататон нодурусту гоҳ он ҳуҷҷататон хато гуфта, корро кашол доданду оқибат “кӯдак барои таҳсил дар мактаб тамоман тайёр нест, беҳтараш ӯро ба боғчаи бачагона диҳед” гӯён, хоҳишамонро рад карда, духтарамро ба мактаб қабул накарданд. Маҷбур шудем, ки кӯдаки матабхонро бабоғчаи бачагона диҳем. Азбаски мо дар деҳа зиндагӣ мекунем, духтарам забони русиро тамоман намедонист ва дар боғча ҳам хеле азоб кашид. Вай тамоман чӣ гуфтани мураббияҳо ва дигар кормандони боғчаро нафаҳмида, асабонӣ мешуд, бо кӯдакон низ бозӣ намекард, чунки забони онҳоро намедонист. Фақат гиря мекард, ки “очаҷон, маро ба Тоҷикистон ба пеши бобою бибиам фиристед”. Маҷбур шудем, ки ба Ватан баргардем. Пас аз бозгашт хеле кӯшиш кардам, ки духтарам қатори ҳамсинфонаш хонад, вале бо сабаби он ки мо қариб ду сол дар Тоҷикистон набудем ва духтарам ақаллан синфи 1-ро пурра нахонда буд, ин кор ба мо муяссар нагашт. Духтарамро имсол боз ба синфи 1 қабулкарданд, вале мо боз ба Руссия рафтанӣ ҳастем. Ҳайронам, ки духтарчаамро ба хотири таҳсилаш дар мактаб дар Тоҷикистон бо бобою бибиаш монда равам ё ҳамроҳам барам. Метарсам, ки агар барам, боз забони русиро хуб намедонад ва барои таҳсил дар мактаб тайёр нест гӯён, ӯро ба мактаб қабул намекунанд. Чанд моҳ пеш як ҳамсояи дигарамон, ки се фарзанд дорад, ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш ба Русия рафт. Писари калониаш 12- солаю хурдиаш 10 -сола аст, вале кӯдаконашро бо сабаби надонистани забони русӣ ба мактаб қабул накардаанд. Мехоҳад фарзандонашро ба хона гусел кунад, аммо дар ин ҷо ягон каси онҳоро нигоҳубин мекардагӣ нест. Модар надорад, хушдоманаш бошад, як кампираки солхӯрда асту аз ӯҳдаи кӯдакбонӣ намебарояд. Аз чанд хешу табор хоҳиш кардааст, ки ҳар моҳ ба шумо пул мефиристам, бачаҳоямро равон кунам, то аз Русия баргаштани мо нигоҳубин кунед, ки аз мактаб намонанд, вале “бачаҳояш беҳад шӯханд, мабодо ягон фалокат рӯй надиҳад, ки дар бало монем” гӯён, ягон кас кӯдаконашро ба гардан намегирад. Бечора ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад.

Фируза редактор тсел, [21.10.2022 13:35]
Мо барин оилаҳои муҳоҷире, ки фарзанд доранд, мушкилоташон хеле зиёд аст ва аксар вақт аз пушти Россия кӯдакон аз мактаб мемонанд. Аз хамин хотир, ман ба шахсоне, ки нияти ҳамроҳи аҳли оилаашон ба Русия рафтанро доранд, маслиҳат медиҳам, ки фарзандонашонро пешакӣ ба сафар омода намуда, ба мактабҳои русӣ диҳанд, то ки бачаҳо забони русиро нағз омӯзанд ва дар Тоҷикистони худамон тибқи барномаҳои таълимии мактабҳои Русия таъсил карда, дониши худро васеъ гардонанд ва баъди ба Русия омаданашон барои таҳсил карданашон дар ин ҷо ягон монеа пеш наояду бо сабаби муҳоҷират аз омӯзиши илму дониш қафо намонанд.
Шаҳло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД