Шахсоне, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, ба вайроншавии устухонҳо дучор мегарданд?
224

Олимон аз донишгоҳи Сеченеви Русия тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки шахсони бемории “COVID-19”-ро аз сар гузаронида бо мушкили вайроншавии устухон рӯ ба рӯ гашта метавонанд.

Олимони донишгоҳи Сеченов ҳушдор додаанд, ки бемории хатарноки остеонекроз, ки бар асари он бофтаҳои устухон нобуд мешаванд, метавонад ба ҳар як шахси коронавирусро аз сар гузаронида таҳдид намояд. Ба гурӯҳи эҳтимолии хатар тамоми шахсоне, ки ба бемории “Ковид-19” гирифтор гашта буданд, сарфи назар аз синну сол ва дараҷаи вазнинии бемории аз сар гузаронидаашон дохил мешаванд.

Коршиносон пас аз таҳлили намунаҳои бофтаҳои устухонҳои 88 нафар беморон, ки ҳангоми протезгузорӣ гирифта шуда буданд, ба чунин хулоса омадаанд: 41 нафари ин беморон бо остеонекрозҳои пас аз COVID-19-и сари сутун (ONFH) ва 47 нафар бо ин беморӣ бо этиологияи дигар гирифтор гашта буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД