Вазорати умури дохилии кишвар бо нашри як навор ҳушдор додааст, ки саҳифаи дар Фейсбук ба номи раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сохташуда дар асл ба Рустами Эмомалӣ рабт надорад. Шахсоне, ки ин саҳифаро сохтаанд, тибқи қонунгузорӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд.
Ба иттилоъи манбаъ, раиси шаҳри Душанбе дар ягон шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи расмӣ надорад.
“Шаҳрвандони муҳтарам!!!
Раёсати кофтукови ҷиноятӣ расман эълом медорад, ки ин аккаунт тақаллубӣ (фейк) аст ва ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ягон рабте надорад. Ҳамаи интишороти он аз ҷониби шахси номаълуме мунташир гаштааст. Ба хотири мувоҷеҳ нашудан ба ҳаводиси номатлуб, эҳтироман аз Шумо хоҳиш мекунем, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоед. Соҳиби аккаунти мазкур тибқи қонунгузорӣ мавриди пайгард қарор хоҳад гирифт”-омадааст дар хабар.