Аз 15 то 20-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Кириллови вилояти Вологдаи Федератсияи Русия ҳамоиши калон — Слети VII координаторони бозиҳои тоза барпо гардид.
Ин чорабинӣ ҳамасола созмондиҳандагони Бозиҳои тозаро гирди ҳам меорад ва имсол ҳам ҳамоиш дар сатҳи байналмиллалӣ барпо гашта, дар он беш аз 100 намоянда аз 9 кишвар, амсоли Тоҷикистон, Арманистон, Молдова, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Абхозистон, Қазоқистон ва ноҳияҳои гуногуни Русия гирди ҳам ҷамъ шуданд. Дар ин бора Абдуқаҳҳор Раҷабов, корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зист, координатори Бозиҳои тоза аз Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ гуфт, ҳамоиши мазкур ба 10-солагии Бозиҳои тоза бахшида шуда, тарҳрезиҳои барномаи он пурмазмун ва хотирмон буд. Вилояти Вологда барои мизбонии ин ҳамоиш тасодуфан интихоб нашудааст. Чанд сол боз вилоят аз рӯи шумораи иштирокчиёни бозиҳо пешсаф аст ва дар ҳар як мусобиқа тақрибан 2000 бозингарро ҷамъ мекунад, ки якҷоя шаҳрро аз партовҳо тоза мекунанд. Имсол низ ин иқдом дар шакли сабқат амалӣ шуд.
“Дар бозӣ ҷои якумро дастаи «Вохӯрии Авруосиёии детективҳо» ишғол кард, ки на танҳо бо ҳаҷми калон ҷамъоварӣ кардааш, балки бо либосҳои детективии зебои худ аз дигар дастаҳо фарк мекард. Ҷойи дуюм насиби дастаи “Байналхалқӣ” (international –) гардид, ки дастаро намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ташкил медоданд”,- гуфт манбаъ.
Инчунин, дар рафти ин ҷамъомад озмуни хони беҳтарин баргузор гардид. Дар он аз ҷониби дастаи “Байналхалқӣ” (international) хӯроки тобистона шакаробро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон бо баҳои баланд ҷонибдорӣ гардид.
Бояд гуфт, ки вохӯрии ҳамоҳангсозони Бозиҳои тоза як платформаи воқеӣ барои табодули таҷриба, илҳом ва ғояҳои нав аст. Вохӯриҳо, дарсҳои маҳорат оид ба коркарди такрорӣ, викторинаҳо, экскурсияҳо ва фазои дӯстона – ҳамаи ин ба рушди Бозиҳои тоза ва паҳншавии фарҳанги экологӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки вохӯрии байналмилалии ҳамоҳангсозони бозиҳои тоза бо истифода аз Фонди грантҳои президентӣ ва дастгирии Фосагро, Россотрудничество дастгирӣ карда шуд.
Бозиҳои тоза мусобиқаҳои даставӣ оид ба ҷамъоварӣ ва ҷудо кардани партовҳо бо мукофотҳо мебошанд. Онҳо дар формати квест бо истифода аз барномаи мобилӣ сурат мегиранд. Ин Бозиҳо аз соли 2014 баргузор шуда, 38 кишвари ҷаҳон ва беш аз 200 000 ҳазор нафар дар Бозиҳои тоза шомил шуда, дар тӯли 10 сол 4300+ тонна партов ҷамъоварӣ шудааст.
Дар партави ин вохӯрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон алакай дар 14 шаҳру ноҳия бозиҳои тоза баргузор гардида, бозии охирин дар ноҳияи Ёвон дар нақша аст. Баъди ин, раванди бозиҳо натиҷагирӣ ва ғолибон қадрдонӣ мешаванд.