Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Шаҳид Капур.
Сол ва ҷои таваллуд: 25.02.1981, шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон.
Касб: ҳунарманд.
Ҷоиза: ҷоизаи “Filmfare Award” барои беҳтарин нақши мардона.
Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби ду фарзанд.
Ҳамсараш: Мира Раҷпут, раққоса ва ҳунарпешаи ҳинд.
Шаҳид Капур дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Панкаҷ Капур, ҳунарманд ва коргардон, модараш Нилима Азим, ҳунарпеша ва раққоса ҳастанд. Соли 1984, вақте Шаҳид ҳамагӣ 3-сола буд, волидонаш аз ҳам ҷудо мешаванд ва падараш аз Деҳлӣ ба Мумбай меравад. Баъди 8 сол модараш Шаҳидро ҳамроҳи худ ба Мумбай мебарад, то падарашро бубинад. Пас аз хатми мактаби миёна Шаҳид як сол дар шӯъбаи санъати Коллеҷи “Mithibhai” ва ду соли дигар дар Донишкадаи рақси ба номи Шиамака Давара таҳсил кардааст. Соли 1999 ӯро ба ҳайси раққос ба филми “Оҳанги муҳаббат” даъват намуданд. Аз ҳамон ҷо роҳи ӯ ба синамо боз шуд ва инак, зиёда аз 11 сол мешавад, ки дар ҷодаи худ устувор аст. Шумораи филмҳои нақшофаридаи ӯ зиёда аз 30 адад ҳисобида шудаанд.
-То ҷое мо огаҳӣ пайдо кардем, ҳамсаратон аз шумо 13 сол хурд аст. Ҳамин фарқияти синну солро ба назар гирифта, пурсидан мехоҳам, ки худро хушбахт меҳисобед?
-Соли шашум аст, ки ману Мира зиндагии муштарак дорем ва дар ин муддат дарк кардам, ки синну сол барои хушбахт будан монеа эҷод намекардааст. Бо ҳарфҳои калон ва бо боварии комил ба шумо мегӯям, ки бале, ман хушбахтам.
-Пеш аз он ки бо хонум Мира оиладор шавед, бо Карина Капур муносибатҳои ошиқона доштед ва яке аз ҷуфтҳои зебои Болливуд ба ҳисоб мерафтед. Чӣ шуд, ки аз ҳам ҷудо гаштед?
-Дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам, бовар кунед, чун бароям хеле дарднок аст. Солҳо ӯро набинам ҳам, доим дуо мекунам, ки зиндагии аз ҳама хубтару беҳтар насибаш бошад.
-Агар бори дигар шумову Каринаро даъват кунанд, ки дар як филм нақш офаред, розӣ мешавед?
-Албатта, чаро не?
-То замони оиладор шуданатон вирди номи шумо зуд-зуд овозаҳо паҳн мешуданд. Масалан, мегуфтанд, ки шумо бо Приянка Чопра (ҳунарпеша, овозхон ва модел), Наргис Фахрӣ (ҳунарпеша ва модел) ва Ҳумо Қурешӣ (ҳунарпеша ва модел) муносибатҳои ошиқона доред...
-Ростӣ, баъзе аз ин овозаҳоро шунида, дар ҳайрат мемонам. Наргисро дар ҳаётам ҳамагӣ 4 маротиба дидаам. Ҳуморо бошад, аз ӯ камтар. Ман ҳатто онҳоро хуб намешиносам. Як чизро намефаҳмам, ки чаро бо нафаре вохӯрам, бояд ҳатман бо ӯ муносибат дошта бошам? Ҳунармандон ҳам инсонанд, мо низ ба зиндагии орому осоду ҳақ дорем-ку!?
-Дар вақтҳои холигӣ ба чӣ корҳо машғул мешавед?
-Аслан, он қадар вақти холигӣ надорам, аммо бо даст додани фурсат бештар бо ҳамсару фарзандонам вақт мегузаронам. Истироҳат ва мусиқӣ гӯш карданро низ меписандам.
-Фарзандон гуфтеду ба ёдам зад, Миша ва Зайн чӣ ҳол доранд?
-Шукри буданашон, ки зиндагии ману Мираро боз ҳам рангинтар кардаанд.
-Шаҳид кадом хӯрокҳоро меписандад?
-Ман он қадар инсони ҳавобаланд нестам. Бештар хӯрокҳои хонагиро дӯст медорам. Масалан, биринҷ ва лӯбиёро.
-Баъди 5 сол худро дар кадом сатҳ дидан мехоҳед?
-Рости гап, ман зиндагии худро он қадар дур ба нақша намегирам. Фақат мехоҳам, ки хушбахт бошам, кори хуб кунам. Барои ҳамсарам шавҳар, барои фарзандонам падар ва барои волидонам писари арзанда будан мехоҳам. Дар зиндагӣ ин чизҳо бароям назар ба 5 соли баъд муҳимтаранд.
-Бо кадом филматон бештар ифтихор мекунед?
-Бо ҳамаи филмҳоям ифтихор мекунам, зеро агар онҳо ба дили ман наздик намебуданд, нақш намеофаридам.