Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Пизишкиён ба Тоҷикистон сафар намуда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Вохӯрии сарони ду кишвари таърихан решапайванд гарму самимӣ гузашта, порчаҳои суханронии пурмуҳаббати ду президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва аз ҷониби мардум хеле хуб пазироӣ гаштанд.
Сарояндаи ҷавон ва маҳбуби тоҷик Фараҳманд Каримов низ аз ин муносибати гарми дӯстонаи ду миллат илҳом гирифта, дар васфи дӯстӣ суруди наверо бо унвони "Паймони мо" дар ютуб-канали хеш пешкаши дӯстдорони санъат гардонидааст. Ин таронаро аз рӯзи нашраш то кунун зиёда аз 57 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Матни суруд аз Шоираи Раҳимҷон буда, оҳанг аз Зайниддин Каримов аст.
Клип аз рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон омода шудааст. Порчаҳои сурудро шабакаҳои фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон низ нашр кардаанд.