Formula novemver 2024
СЕВИНЧ МӮЪМИНОВА: ЗАХМИ ДИЛАМРО ХУНШОР НАСОЗЕД
4211

 

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Севинч Мӯъминова.

Сол ва ҷойи таваллуд: 30.06.1982, шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Касб: ҳунарпеша ва овозхон.

Вазъи оилавӣ: айни замон муҷаррад ва соҳиби як фарзанд.

Шавҳараш: Шароф Муқимов, овозхони ӯзбек, ки бо Севинч Мӯъминова қариб 7 сол зиндагӣ кардааст (2010-2017).

-Севинч, чанд муддат аст, ки аз шумо таронаи наве нашунидаем. Ин таъсири COVID-19 аст ё дилатон аз суруду мусиқӣ хунук шудааст?

-Шумо аввалин нафаре нестед, ки ин гапро мегӯед (механдад). Рӯйи таронаҳои нав кор карда истодаем, ба наздикӣ пешкаш хоҳем кард. Мухлисонамро лозим аст, ки фақат мунтазир бошанд.

-Умуман, агар ба эҷодиёти шумо назар кунем, дар давоми як сол ҳамагӣ 3-4 суруд ва 1-2 клип нашр мекунеду халос. Сабаби инро шарҳ дода метавонед?

-Бо шумо ҳамфикрам, дар ҳақиқат чунин аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар он чӣ ба осонӣ ба даст ояд, дер напояд. Вале ҳар он чӣ дер ба даст меояд, ҷовидона мемонад. Яъне, суруду клипҳоямро дер-дер, аммо бо сифати оливу мазмуни баланд нашр мекунам, то ки дер дар ёдҳо бимонад.

-Эҷоди сурудҳои нав, сабти клипҳо, баргузории барномаҳои консертӣ, обод кардани ҷашну хурсандиҳои мардум, сафарҳои ҳунарӣ ва тарбияи фарзанд, ин ҳама барои шумо, ки як зани танҳоед, мушкил нест?

-Манзуратонро дарк кардам. Ман худам бе модар, дар тарбияи падарам бузург шудам ва медонам, ки азоби бемодарӣ чист. Лайло ҳам қариб се сол мешавад, ки дар тарбияи худам, дур аз падараш ба воя мерасад. Кӯшиш мекунам, ки барояш ҳам модар бошаму ҳам падар, вале ҷои падар дар дили ӯ холист.

-Барои худатон чӣ? Мушкил нест? Хубу бад қариб 7 сол бо Шароф зиндагии якҷоя доштед. Чӣ шуд, ки аз ҳам ҷудо шудед? Магар чашми бад расид?

-Шояд чашми бад ҳам расида бошад, чун зиндагии мо он қадар ширин буд, ки рашки кас меомад. Ба тақдирам тан додам, зеро аз он ҷои гурез нест. Ба ҳар ҳол, дар ин бора суҳбат кардан намехоҳам. Захмҳоям аз нав хуншор мешаванд ва бароям хеле дарднок аст. Маро ба ҳоли худ гузоред.

-То ҷое медонем, шавҳаратон дубора издивоҷ кард, аммо шумо на. Магар то ҳол пайдо нашудааст марде, ки дили Севинчи нозанинро ба даст оварда бошад?

-Бале, Шароф соли гузашта бори дувум издивоҷ кард. Барояш хушбахтӣ орзу мекунам. Ӯ падари фарзандам аст, чӣ гуна метавонам барояш хушбахтӣ таманно накунам? Дар мавриди оиладоршавӣ ҳоло саросема нестам ва ба як қарор ҳам наомадаам. Шояд дигар хонадор нашавам. Ҳамаашро вақт муайян хоҳад кард.

-Дар вақтҳои холигӣ ба чӣ кор машғул мешавед?

-Андак вақти холӣ ёбам, дарҳол ба ошхона мешитобам. Омода намудани хӯрокҳои озариро дӯст медорам, чун ғизоҳои омодакардаи маро падарам зиёд дӯст медоранд.

-Дар Тоҷикистон низ шумораи мухлисону ҳаводоронатон кам нестанд. Нақшаву нияти дигарбора омадан ба кишвари моро дар сар надоред?

-Медонам, ки мардуми тоҷик то чӣ андоза маро дӯст медоранд. Ман ҳам онҳоро зиёдтар аз худашон дӯст медораму эҳтиром мекунам. Аз хуб шудани муносибатҳо хушҳол шудем, аммо бемории COVID-19 аз куҷое пайдо шуду давомаш ба худатон маълум. Вазъ мӯътадил ва аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳоде шавад, ҳатман дигарбора сафар хоҳам кард.

-Омаданатонро бесаброна интизорем!

-То дидор!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД