Шоми 2-юми март, тахминан соати 19:50 ронандаи “Lexus RX 350”, Фурқат Хоҷаеви 25-сола, сокини ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи “Сементи тоҷик” ба девори бетонии канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода, меафзояд, ки дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофираш - Абдукарим Шарипов ва Нодир Раҷабов, ҳарду 25-сола, сокинони ноҳияи Варзоб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Шафиҷон Исматзодаи 25-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Навори садама ва дафни ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, корбарон гуфтаанд, ки онҳо барои ифтор ба Душанбе омада будаанд ва дар роҳи бозгашт ба садама дучор шудаанд.