Commerc banl
Сарвазири Тоҷикистон ба Сафорати Эрон рафта, дар “Дафтари ёдбуд” ҳамдардиашро сабт намуд
87

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе рафта, аз номи Ҳукумати мамлакат ва мардуми тоҷик ба халқи Эрон ҳамдардӣ изҳор намудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи кушта шудани раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ ва чанд тан аз мақомдорону сокинони ин кишвар бар асари ҳамлаҳои Амрикову Исроил Сафорати Эрон дар Душанбе "Дафтари ёдбуд" боз намудааст. Хоҳишмандон метавонанд ба сафорат ташриф оварда, изҳори ҳамдардии худро дар ин дафтар сабт намоянд.

Маросими мазкур то соати 16:30 идома меёбад ва намояндагони расмии кишварҳои хориҷӣ ва мардуми оддӣ барои изҳори тасаллият ба Сафорати Эрон омада истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД