arzon replenishment
Сарояндагони машҳури тоҷик консерти хайриявӣ медиҳанд
495


16 декабр, соати 14:00 дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мамлакат консерти хайриявӣ баргузор мегардад.

Пеш аз консерт намоиш ва фурӯши маҳсулоти занони дорои маъюбият ташкил карда мешавад. Дар ин бора Муҳиддин Тоҷиев, яке аз ташкилотчиёни барномаи консертии мазкур ба Oila.tj хабар дод.

Тоҷиев гуфт, онҳо нақша доранд, ки ду лоиҳаи барои мардуми деҳот муҳим: лоиҳаи таъсиси Маркази омӯзишии ҷавонон ва занҳо дар ноҳияи Деваштич ва лоиҳаи сохтмони бинои нави Маркази саломатии деҳаи Некноти шаҳри Панҷакентро татбиқ намоянд.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тандурустӣ ва маориф тавассути сохтмон ва таъмири беморхонаву муассисаҳои таълимӣ дар маҳаллҳо мебошад.

Дар барномаи консертии мазкур сарояндагони шинохта Нобовар Чаноров (гуруҳи “Шамс”), Ҳабиб Ҳакимов (“Фарзин”), Хуҷастаи Мирзовалӣ, Мубориз Усмонов, Соҳиб Назриев, Нозанин Комил, гуруҳи “Афғон банд”, Шарофат Усмонзода ва гурӯҳи рақсии “Жасмин” ҳунарнамоӣ мекунанд.

Арзиши чиптаҳо аз 100 то 150 сомонӣ буда, онро ба таври электронӣ аз суроғаи зер дастрас карда метавонед. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД