Formula novemver 2024
САРНАВИШТИ ПУРАЗОБИ СИЁҲДУХТАР
2120

Аҷабо, як хабари ҳангомаангез баробари нашр шуданаш дар саҳифаи интернетӣ ҳамоно бол пайдо мекунаду дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Хабар дар мавриди он, ки духтари афроамрикоиро барои пӯсти сиёҳтарин доштанаш ба китоби “Рекорд Гиннесс” дохил карданд, қариб дар ҳамаи порталҳои интернетӣ дида мешавад. Хабари мазкур дар тамоми саҳифаҳои англисзабону русзабон нашр шуд.

Аксари маълумотро журналистон ва блогнависон бе санҷиш ҳамон лаҳза бознашр намуданд. Бале, ин мавзӯи диққатҷалбкунанда аст, вале пеш аз нашри он журналист бояд ба саволи “ Ба китоби Рекорд Гиннесс киҳоро ва барои чӣ дохил мекунанд?” посух медод ва шояд он гоҳ ба санҷидани воқеияти хабар мепардохт. Пас аз омӯзиши мавзӯъ маълум гардид, ки ин хабар дурӯғ будааст ва ба хотири таваҷҷӯҳ доштан ба Няким корбарони саҳифаҳои интернетӣ барои ҷалби хонанда чунин иттилои “фейк”-иро бофтанд. Сухангӯи “Рекорди Гиннесси Ҷаҳон” Ҷессика Спиллейн дар мактуб ба идораи “Standard Fact Check” қайд намудааст, ки мо аз ҷиҳати ранги пӯст одамонро ба рӯйхати рекорд ворид намекунем”.
f729-99c0-d170-d26a
Зиндагии Няким дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ
Чун сухан дар атрофи муделе, ки пӯсти сиёҳи нотакрор дорад, пас каме дар бораи ҳаёташ ба шумо нақл мекунем. Ҳаёти кӯдакии Няким Гатвеч хеле пурмоҷаро ва талх будааст. Ӯ айёми хурдсолиашро дар лагери гурезаҳо сипарӣ намудааст. Падару модари Няким дар яке аз музофоти Судони Ҷанубӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Вақте, ки дар он ҷо ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, онҳо маҷбур шуданд, ки ба Эфиопия ба шаҳри Гамбела, ки худи Няким дар онҷо ба дунё омадааст, фирор кунанд. Модари Няким бо фарзандҳояш пойи пиёда то лагери гурезаҳо рафт, ки бадбахтона ҳангоми ҳиҷрат дар роҳ духтари калониаш вафот мекунад. Пас аз рафтани якчанд намояндаи СММ аз лагери гурезагон дар Гамбела, оилаи Гатвеч барои паноҳгоҳ ёфтан ба Кения рахти сафар баст.

Ҳамлаи шӯришгарон ба оилаи Няким

Дар лагери навбатӣ ҳаёташон вазнинтар гардид. Няким, модар, бародар ва падараш дар хаймаҳо хоб мерафтанд ва ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд, ҳатто рӯзҳое мешуд, ки тамоман ягон чиз намехӯрданд. Дар он ҷо кӯдакон аз гуруснагию ташнагӣ ва дастрасӣ надоштан ба кӯмаки тиббӣ мефавтиданд. Боре шӯришгарон ба барои дӯздӣ ба хаймаи оилаи Гатвеч даромаданд. Модари Няким кӯдаконро дар ҷойи дигар паноҳ кард, вале исёнгарон бародари Някимро бо корд захмдор намуданд. Дар ин айём ҳамсояҳо баробари шунидани гиряву нолаи зиёд давида, ба наздашон рафтанду шӯришчиҳо тарсида гурехтанд.

Рӯзгори талхи Няким дар Амрико

Баъд аз Кения оилаи Гатвеч ба Амрико рахти сафар бастанду дар Буфалло маскун шуданд. Ҳамон давра Няким ҳамагӣ 14 сол дошт. Няким ҳарчанд аз ранҷи ҷанги шаҳрвандии зодгоҳи худ халос шуда бошад ҳам, дар Амрико ӯро муборизаи дигар интизор буд. Дар Африқо барои пӯсти беҳад сиёҳ доштан бо дискриминатсия рӯ ба рӯ намешуд, ҳатто касе ба чӣ гуна будани ӯ парво надошт, ҳол он ки дар он ҷо низ ранги пӯсти ӯ ранги пӯсти аксари сокинони маҳаллӣ сиёҳтар буд. Дар Амрико ӯ даррав ҳис кард, ки аз дигарон куллан фарқ мекунад. Мактаббачагон аз сабаби сиёҳ буданаш бо ӯ рафтори дуруст намекарданд . Баъзеҳо аз ӯ метарсиданд ва гурӯҳи дигар таҳқиркунон мегуфтанд, ки Няким тамоман шустушӯ намекунад ва барои ҳамин ҳатто дар рӯшноӣ ӯро дида намешавад. Пастзанию масхараи атрофиён сабаб шуд, ки Няким аз дигарон канораҷӯйӣ кунад ва рӯзе намешуд, ки гиря накунад.

Няким дар орзӯи мудел шудан
Ӯ ҳанӯз дар Кения буданаш орзуи мудел шуданро дар дил мепарварид, аммо муносибати мардум ӯро шикаст медод. Фикр мекард, ки духтари безебу одамтарсонакест, ки саҳнаи муд ҷойи ӯ нест. Дар яке аз мусоҳибаҳо Няким гуфтааст: “Ба назарам чунин менамуд, ки кӯдакон маро зиштрӯйи бадҳайбат меҳисобанд. Ман худро дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ, муқоваи маҷаллаҳо ва экрани телевизион ҳатто тасаввур кардан наметавонистам”.


Нияти сафед кардани пӯст
Ҳаёти Няким пас аз кӯчидан ба Сент-Клауд, иёлоти Миннесота осонтар гардид. Гатвеч ба мактаби миёне, ки дигар кӯдакони судонию сомалӣ дар он ҷо таҳсил мекарданд, ҳуҷҷатҳояшро супорид. Боре ронандаи таксӣ ба Няким пешниҳоди сафед кардани пӯстро намудааст. Ӯ маслиҳати ронандаро ҷиддӣ қабул карда, хост ранги пӯсташро иваз намояд, аммо хоҳараш, ки худ низ мудел аст ва ин ин намуди муолиҷаро карда буд, ӯро аз ин роҳ баргардонд. “Ту натанҳо пӯстатро сафед мекунӣ, балки ақлатро беранг мекунӣ. Ман ин корро кардам ва ҳоло хеле пушаймонам. Ман иҷозат намедиҳам, ки ту, духтарам ва ё каси дигар ин хатои маро такрор кунед”-гуфт хоҳари Няким.

Ҳоло Няким хеле хушҳол аст, ки ба фишори атрофиён дода нашуду чӣ тавре, ки табиатан офарида шуда буд, ҳамон хел монд. Ӯ дар аксари постҳояш менависад, ки зебоии табииашро дӯст медорад ва барои ҳуснаш ба офаридгор миннатдор аст. Ӯ ба занҳои ҷавон муроҷиат карда мегӯяд, ки агар касе ба худ боварӣ надорад , метавонад ба ӯ муроҷиат намоянд ва Няким дар навбати худ барои кӯмак расондан ба занони рӯҳафтода ҳамеша омода аст.

“Агар зиндагӣ барои одами сафедпӯст осон бошад, пас ман барои сиёҳ буданам ифтихор мекунам, чунки ҳаёти осон бароям маъние надорад. Зиндагӣ бо мушкилоташ рангин аст!”-мегӯяд Няким.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД