Arzon march 2024
Саодат Азизова: Ба ҳаҷ рафта, одами дигар шудам
2309

Сарфи назар аз мақому мартаба ва мавқеъи иҷтимоии шахс ҳаҷ кардан дар ҳаёти ҳар як инсон ҳодисаи фаромӯшнашаванда мебошад. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова низ ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф гаштааст. Мо аз ҳоҷибибӣ Саодат Азизова хоҳиш намудем, ки хотираҳояшро аз сафари ҳаҷ қисса кунад.

“Писарам чанд сол боз орзу мекард, ки маро ба Ҳаҷ барад. Албатта чунин ният дар дили худам ҳам буд. ниҳоят соли гузашта дуоҳоямон мустаҷоб гашта, дар моҳи шарифи рамазон ба муроди дил расидем, яъне ҳаҷ кардем. Ин сафар дар ҳаёти ман як ҳодисаи махсус буд. Эҳсосоти дигар ҳоҷиёнро намедонам, вале зиёрати хонаи худо шахсан маро комилан инсони дигар кард. Фикр мекунам, ки инсон бояд бо тамоми вуҷудаш омода шуда, баъд ба зиёрати Хонаи Худо - ҳаҷ равад. Вақте ки ҳоҷӣ мешавию аз гуноҳ, ғайбат, туҳмат ва дигар одатҳои баде, ки Аллоҳро хуш намеоянд, даст намекашӣ, аз ҳаҷ кардан ва ҳоҷӣ шудан ягон суду фоида нест. Ҳоҷӣ бояд ҳатто мӯрчаро озор надиҳад. Худованди меҳрубон кулли мусалмонон, аз ҷумла ҳамватанони моро ба зиёрати ҳаҷ мушарраф гардонида ба роҳи рост ҳидоят намояд”,- мегӯяд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.

Имрӯзҳо ҳаҷи фарзӣ идома дорад ва қатори дигар мусалмонони ҷаҳон садҳо нафар зоирини тоҷик низ тавофи Каъба намуда, сазовори номи ҳоҷӣ мегарданд. Дуо мекунем, ки Худованд ҳаҷашонро қабул гардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД