Sebiston new 2024 october
Салмон Ҷумъабой ба гуноҳаш иқрор шуд
593


Салмон Ҷумъабой, блогери зодаи Тоҷикистон, ки дар Маскав фаъолият мекунад, бо сабаби барангехтани кинаю адовати миллӣ дастгир карда шуд.

Дар видеоҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, дида мешавад, ки Салмон талош мекунад бо духтарони рус даст ба даст сурат гирад ё аз онҳо рақами телефонашонро бигирад. Ин рафтори блогер ҳамчун таҳқир ва паст задани шаъну шарафи духтарони рус арзёбӣ шудааст.

Телегарм-канали SHOT навори видеоиеро нашр кардааст, ки дар он аз паси кадр суханони блогери тоҷик ба гӯш мерасанд. Ҷавони тоҷик бо лаҳни шикастаи русӣ мегӯяд: “Иншаоллаҳ ба наздаӣ ҳама духтарони рус занони мо мешаванд. Бо Наташа кайф мекардам...”.

Блогери тоҷик дар бозпурсӣ ба намояндагони мақомоти қудратӣ гуфтааст, ки зиёда аз 5 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва бештар аз панҷ сол аст, ки бо фаъолияти бголерӣ машғул аст.

“Навори баҳсбарангезе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, муаллифаш худам ҳастам.”-ба гуноҳаш иқрор шудааст Салмон.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 282-и Кодекси ҷиноии Русия (барангехтани кинаву адоват, инчунин таҳқири шаъну шарафи инсон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ба Салмон Ҷумъабой бо иттиҳоми ифротгароӣ то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД