Саҳифаи Абдурозиқ Эгамов, блогер, ҳунарманд ва овозхони 18-солаи тоҷик, дар шабакаи Инстаграм бо гирифтани аломати қайди кабуд расмӣ шуд.
Акнун аз миёни чандин саҳифаҳои қалбакӣ, пайдо намудани саҳифаи аслии овозхон барои ҳаводоронаш осон гардид.
“Ба ҳар яки шумо барои табрикотатон ташаккур мегӯям. Ман хеле шодам”,-навиштааст Абдурозиқ дар Инстаграм ва ба мухлисонаш изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст. Гирифтани аломати қайди кабуд ё ба истилоҳ “верификатсия” дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ситораҳои хориҷӣ кайҳост, ки ба ҳукми анъана даромадааст, вале ин амал миёни ҳунармандони тоҷик давоми ду-се соли охир мӯд шуд.
Феълан аз ҳунармандони тоҷик Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибек Муродов, Меҳрнигори Рустам, Сафармуҳаммади Рустам, Зулайхо Маҳмадшоева, Беҳрӯз Зеваров, Валиҷон Азизов, Садриддини Наҷмиддин ва M.One (Исмоил Исмоилов) дар шабакаи Инстаграм аломати қайди кабуд доранд ва Абдурозиқ низ ба сафи онҳо шомил гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки чанде қабл сафи обуначиёни саҳифаи Абдурозиқ дар Инстаграм ба 1 миллион нафар расид ва ӯ дар баробари Умеда Парсаева ва Шабнами Сурайё севумин тоҷикест, ки 1 миллион обуначӣ дорад.