Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар бо ҳамроҳии ҳамсараш ба дафтари сомонаи Оила.tj ташриф овард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ меҳмонон бо фаъолияти сомона, дастовардҳои ахир ва нақшаҳои оянда шинос шуданд.
Меҳмонон аз суҳбат бо аҳли кормандони сомона таассуроти нек бардошта, ба ҳайати эҷодии Оила.tj барору комёбӣ таманно карданд.