Formula novemver 2024
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон доир мешавад
346

Аз 24 то 29 августи соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд.

Шоми имрӯз бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера» Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон расман оғоз гардида, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст.

Дар барномаи консертӣ Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло, ҳамчунин ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Ақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова ва ансамблҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез”, “Парасту”, “Ҷаҳоноро” ва “Лола” ширкат меварзанд.

27 август дар шаҳри Чимкент дар конфронсзали «Ramada by Wyndham Shymkent» Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вохӯрии Вазири фарҳанг ва аҳли илму адаби Тоҷикистон бо намояндагони тоҷикони муқими вилояти Туркистон идома меёбанд.

Сипас, филми “Шинохти Саразм”, ки ба 5500-солагии Саразми бостон бахшида шудааст (муаллифон Шавкати Муҳаммадӣ ва Тоҳири Асрориён, коргардон Рустам Сатторзода), намоиш дода мешавад.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар толори консертии «Туркистон» намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории Рӯзҳо 29 август дар шаҳри Алмаато мулоқоти Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо намояндагони Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор мегардад. Инчунин дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази вохӯрии композиторони тоҷику қазоқ ва дар театри санъати анъанавии «Алатау» намоиши филми бадеии «Оинаи беҷило» (коргардон Носир Саидов) доир мегарданд.

Ҳамчунин, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД