Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), дар саросари ҷаҳон бемориҳои сироятие, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ паҳн мешаванд, торафт зиёдтар шуда истодаанд.
Ҳамасола дар арсаи олам қариб як миллион ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба хламидиоз, трихомониоз, сифилис, гонорея ва дигар бемориҳои ҷинсӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар Федератсияи Россия низ чунин бемориҳо рӯ ба афзоиш доранд. Русия дар паҳншавии бемориҳои ҷинсӣ маҳз муҳоҷирони меҳнатиро гунаҳкор медонад.
Аз ҷумла, tsargrad.tv навиштааст, ки дар Россия сироят аз бемориҳои ҷинсӣ бештар ба муҳоҷирони меҳнатӣ рост меояд.
“Коршиносон бар он назаранд, ки афзоиши бемориҳои сироятии ҷинсӣ бо фавҷи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳамасола ба кишвар меояд, алоқамандӣ дорад. Тибқи оморе, ки бахши дерматовенерология ва косметологияи Вазорати тандурустии Россия пешниҳод намудааст, 39%-и шахсони ба сифилис гирифторшуда дар соли 2023 муҳоҷирон будаанд”,- навиштааст манбаъ.
Дар 12 соли охир шумораи гирифторони ВИЧ дар Россия аз 503 ҳазор ба 885 ҳазор нафар расидааст. Ба ҳар 100 ҳазор нафар 18,9 % ҳолатҳои сироятёбӣ аз бемориҳои сироятии ҷинсӣ рост меояд. Бояд гуфт, ки мардон нисбат ба занон ба бемориҳои ҷинсӣ бештар гирифтор мешаванд.
"Зиёд шудани бемориҳои ҷинсӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ алоқамандӣ дорад. Омили дигари паҳншавии чунин бемориҳо худдорӣ намудани мардон аз истифодаи воситаҳои контросептикӣ мебошад”,- гуфтааст акушер-гинекологи клинникаи "Ниармедик" Елизавета Солоид.