new banner new years
Роҳҳои пурқувват гардонидани иммунитет дар фасли тирамоҳ
1182

Бо фарорасии фасли тирамоҳ шумораи одамоне, ки дар пушти дари табибон навбат мепоянд, меафзояд. Сабаб дар он аст, ки дар ин айём системаи муҳофизатии ҷисми инсон-иммунитет суст шуда, дигар ба муқобили бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад. Дар натиҷа кас тез-тез ба зуком ва дигар бемориҳои сироятӣ гирифтор мешавад.

Барои солим ва бардам мондан пеш аз ҳама иммунитетро пурқувват гардонидан зарур аст. Барои он ки системаи муҳофизатии ҷисматон мустаҳкам гашта, бо бемориҳо фаъолона мубориза бурда тавонад, ба иммунитети худ ёрӣ расонед. Барои ин чӣ бояд кард:

Ғизои солим хӯред!

Барои пурқувват гардонидани иммунитетатон шумо бояд бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намоед. Кӯшиш намоед, ки дар фасли тирамоҳ камтар маҳсулоти хамирӣ хӯред. Ғизои солим натанҳо системаи муҳофизатии ҷисми шуморо пурқувват мегардонад, балки ба кори узҳои ҳозима низ кӯмак мекунад.

Хурӯҷи бемориро пешгирӣ намоед!

Дар фасли тирамоҳ бемориҳои кӯҳнашуда дубора авҷ мегиранд. Шумо ба газаки захми меъда, захми меъда, илтиҳоби санги гурда ва дигар бемориҳо гирифтор бошед, бо фарорасии ин фасл як маротиба ба назди духтури табобатии худ рафта, аз ташхис гузаред ва хуруҷи бемориро пешгирӣ намоед.

Бо варзиш машғул шавед

Машғул шудан бо варзиш барои саломат фоиданок аст. Имконияти ба толори варзишӣ рафтан надошта бошед, ақаллан дар хона бо машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул шавед ва ҳар рӯз пиёдаравӣ кунед. Сайругашт дар ҳавои тоза фоида дорад.

Аз хоб сер шавед!

Хоби бароҳат ва солим имкон медиҳад, ки шумо қуввату нерӯи худро аз нав барқарор созед. Ин барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ бениҳоят зарур аст. Аз ҳамин хотир, то нисфи шаб вақти худро сарфи тамошои сериал ва бозӣ дар интернет накарда, соати 22-и шаб сар ба болин ниҳед, то ки аз хоб сер шавед.

Аз одатҳои бади худ даст кашед!

Кашидани сигор ва дилбастагӣ ба шароб ба саломатии инсон таъсири манфӣмерасонад. Солим мондан хоҳед, дар фасли тирамоҳ аз баҳри тамоку ва маю шароб гузаред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД