Пахши мустақим дар мавзӯи омодагӣ ба муҳоҷират
Шоми имрӯз 28-уми март, аз соати 18:00 то 19:00 дар идораи сомонаи Оила. ТЧ бо иштироки коршиносони маъруфи самти муҳоҷират дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ ба сафар” пахши мустақим (Прямой эфир) баргузор мегардад.
Дар барнома мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобоев Анвар Абдуллоевич ва директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Маҳмадбекзода Моёншоҳ Шодмон иштирок карда, ба тамоми саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шахсоне, ки аз қонунҳои муҳоҷиратии кишварҳои хориҷӣ, самтҳои нави муҳоҷират, роҳҳои пешгирии одамфурӯшию ғуломии меҳнатӣ ва дигар хатарҳои муҳоҷират огоҳ шудан мехоҳанд, ҷавоб хоҳанд дод.
Шумо метавонед саволҳои худро пешакӣ ба сомонаи Оила. ТЧ фиристед ва ё дар рафти барнома тариқи телефонҳои зерин занг занед: 92-743-10-08 ва 55-556-10-08