sebiston july new
Ронандаи таксиро барои таҳқири зани ронанда боздошт карданд
500


Аз ҷониби кормандони милитсия як ронандаи таксӣ дастгир карда шудааст, ки натанҳо ба ҳаракати мошини як ронандазан монеъ гашт, балки бо ишораҳои қабеҳ шаъну шарафи инсонии ӯро паст задааст.

Тавре дафтари матбуотии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, дар асоси муроҷиати як шаҳрванд, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Солярес”‘, рақамҳои қайди давлатиаш 9058ТТ05, шаҳрванд Розиқов Қадриддин Исломиддинович, санаи таваллудаш 24.05.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳалли Ховарон боздошт шудааст.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳамчун ронандаи таксӣ дар ширкати “Сафар Ориён” фаъолият намуда, санаи 9-уми май, тақрибан соатҳои 09:45 дақиқа дар кӯчаи М.Мирзобеков, ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан, ба як ронандаи зан монеагӣ эҷод намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ шаъну шарафи инсонии ӯро паст задааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ронанда-Розиқов Қадриддин бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД