Расонаи чинии "Роҳи Абрешими нав" дар сомонаи худ зеботарин бонувони овозхони Осиёи Марказиро муаррифӣ кардааст. Ин пойгоҳ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон 13 сарояндаҳои занро, ки симои зебо доранд, бо аксҳои муҷалло ба хонандагонаш муаррифӣ кардааст. Миёни инҳо се сарояндаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳрнигори Рустам ва Мадина Ақназарова зеботарин сарояндаҳои Осиёи Миёна арзёбӣ мешаванд.
Ин сомона менависад: "Ба ҳама маълум аст, ки Осиёи Марказӣ бо чеҳраҳои зебои бонувони худ хеле маъруф аст, вале дар баробари зебо будан, ҳастанд хонумҳое, ки истеъдоди баланд доранд".
“Роҳи абрешими нав” дар муаррифии Зулайхо Маҳмадшоева дар зершарҳи акс "овозхони ҷавони поп аз Тоҷикистон" дар мавриди Мадина Акназарова "овозхони поп, духтари ҷавон бо садои зебо ва дорои симои шарқиёна" ва дар бораи Меҳрнигори Рустам навиштааст: "Овозхон ва оҳангсози тоҷик, ки дар садҳо маҳфил ҳунарнамоӣ кардааст ва дастовардҳои зиёд овардааст".
Чун “Роҳи абрешими нав”-и хитоӣ се ҳунарманди тоҷикро ёд кард, мо низ чанд сафҳаи зиндагии онҳоро варақгардон мекунем.
-
Зулайхо Маҳмадшоева
Зулайхо Маҳмадшоева, ки байни мухлисонаш ҳамчун Зу Зу низ маъруф аст, ҳамеша дар сархати хабарҳост. Ӯ ҳоло ҷавон аст, вале хеле маъруф мебошад ва гирди номаш ҳамеша гапу хабарҳо чарх мезанад.
Зулайхо 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Модараш рақосса буд. Ӯ дар оила духтари калонӣ буда, се додар ва хоҳар низ дорад. Мактаби №1-и Фархорро хатм кардааст. Аз хурдиаш мухлиси Манижа Давлатова буд ва бисёр орзу мекард, ки овозхони эстрада шавад. Ба орзуяш расид ва имрӯз бо Манижа ҳамкории қавӣ дорад. Муаллифи якчанд сурудаш низ Манижа мебошад. Зулайхо оиладор ва соҳиби як писар мебошад.
Ин сарояндаи маъруфи попи тоҷик бо ҳарфҳои тунду тезаш бештар маъруф аст. Барои мисол яке аз изҳороти ахири ӯ дар мавриди мардон сару садои зиёд ба бор овард.
“Дунё мисле, ки дигар шудааст. Занон мардонавор талоши зиндагӣ мекунанд, вале мардон паси зону менишинанду сарвату савлати муфт мехоҳанд. Дар зиндагӣ фақат бо дастони худат дару дарвозаҳои ояндаро боз кун, мунтазири касе мабош. Шонаҳои занонаи нозуки маро қисмат аз дастони басо номардҳо сахту устувор кардааст. Фақат дасти худамро мебӯсам, чун фақат худам барои худам талош кардаму мекунам", - навишт Зулайхо дар саҳифааш дар Instagram.
Ин пости сароянда баҳси гарму дурударозеро дар фазои маҷозӣ ба бор овард.
Суруд ва намоҳанги ахири Зулайхо Маҳмадшоева, ки “Ошиқӣ дигар тамом аст” ном дорад, низ гапу калочаи зиёд ба бор овард.
"Ошиқӣ дигар тамом аст" - номи таронаи нави ман, ки бо як клипи диданӣ баҳри ошиқону мухлисони ҳунару зебоӣ, эҳдо мекунам. Бо орзу ва умеди он, ки ошиқӣ ҳеҷ гоҳ тамом нашавад, ин таронаро бо клипи зебояш тақдими Шумо мекунам. Бо як чаҳон ишқу эҳтиром, Зулайхои Шумо", - навиштааст Зулайхо дар шарҳи суруди наваш, ки оҳанги онро сарояндаи номдор Манижа Давлатова офаридааст.
Вале изҳороти Манижа баъди нашри ин клип барои мухлисони ЗуЗу муаммо буд.
Манижа Давлатова дар саҳифааш дар Insatagram навишт,
"Шабе, ки Зулайхо ин сурудро сабт кард, хеле андуҳгин буд, кӯҳи ғам дошт, хаста буд, чанд рӯзе ҳам, ки нахобида... Даркаш мекардам, чун ун шаб бадтарин шаби зиндагиаш буд. Гуфтам: Шояд сабтро ба рӯзҳои дигар бигзорем? Гуфт: На, ман бо ҳамине, ки ҳастам, меравам ва мехонам. Манам қабул кардам ва бори дигар ба ҷонфидо буданаш ба ҳунар қоил гаштам".
Аммо чаро он шаб бадтарин буд, барои мухлисон муаммо боқӣ монд.
-
Мадина Ақназарова
Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.
Хонаводаи Мадина Ақназарова тӯли 13 сол дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ кард. Он ҷо замони кӯдакии Мадина сипарӣ шудаааст. Ӯ ҳам хубиҳои он замон ва ҳам мушкилоти бархӯрд бо фарҳанги дигарро ба хубӣ ва бе ҷароҳати равонӣ паси сар кардааст.
"Ман наметавонам бигӯям, ки муносибати ҳамсинфонам бо ман бад буд, ба ман нағз муносибат мекарданд. Албатта, буданд баъзе нофаҳмиҳо, дар солҳои аввали таҳсил дар мактаби нав, вақте мо аз Хуҷанд ба Санкт-Петербург кӯчидем, наздики ду сол ба ман мушкил буд. Вале бо гузашти солҳо, замоне, ки мо бузургтар шудем, ҳамаи ин мушкилот гум шуд" , - гуфт Мадина.
Мадина афзуд, ки зиндагии хонаводаашон дар Русия мушкилие надошт, ҳамааш хуб буд, вале доимо онҳоро Ватан – Тоҷикистон сӯи худ мекашид. Бозгашт ба Тоҷикистонро Мадина аз лаҳзаҳои хуши ҳаёташ медонад.
"Мо ҳар тобистон дар Тоҷикистон истироҳат мекардем ва ҳар бор зимни бозгашт моро дипрессия пахш мекард, мехостем дар Ватан бимонем. Ҳамин буд, ки дар як рӯзи хуш мо назди бибию бобоям, ки дар Душанбе танҳо буданд, бозгаштем”, - нақл мекунад Мадина.
Баъди баргаштан ба Ватан ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.
Мадинаро асосан бозхонии сурудҳои қадима машҳур кард. Ӯ сурудҳои "Сабзина ранг", "Аз сари кӯи ту", "Бирақсем" ва “Э ёр, ёр”-ро бо шеваи нав бозхонӣ кард ва писанди мухлисон шуд. Ӯ имрӯз яке аз машҳуртарин сарояндаҳои эстрадаи тоҷик аст. Дар мавриди шуҳрат ӯ мегӯяд:
"Машҳур будан бисёр мушкил ҳаст, вале гуворост. Ҳамаи касбҳо ҷонибҳои мусбат ва манфӣ дорад. Ман шодам, ки имрӯз ба ин мартаба расидам ва маро тамошобинам дастгирӣ мекунад".
-
Меҳрнигори Рустам
Меҳрнигори Рустам як чеҳраи аҷиби попи тоҷик аст. Ӯ гоҳо маънисароӣ мекунад, гоҳо сурудҳои шӯхи сабукро иҷро менамояд, риштаи ҳуқуқи донишгоҳро бо дипломи сурх хатм мекунад, дипломашро муш мехӯрад, ба Амрико меравад, бармегардад... ва албатта, ҳамаи ин ба имиҷаш бе таъсир намемонад.
Меҳрнигори Рустам 14 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Ӯ аз синни 5- солагӣ ба суруд хондан оғоз карда, то имрӯз дар озмунҳои зиёд иштирок кардааст. Вай мактаби байналмиллалии шаҳри Душанберо соли 2011 хатм кардааст. Донишҷӯи факултаи академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов буд ва соҳиби таҳсилоти олӣ гардидааст, ҳамзамон дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард. Бародараш Сафармуҳаммад Қодирӣ низ сароянда мебошанд.
Меҳрнигори Рустам сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик, ки ахиран соҳиби грин корт шуду сафаре ба Амрико дошт, гуфт ба хотири мухлисонаш ба Тоҷикистон бозгашт
Муҳимтарин хабари соли гузашта ба хотири Амрико тарки ватан кардани Меҳрнигор буд.
Ба нақли Меҳрнигор аз бурди грин корти ӯ бисёре аз "душманонаш" аз доираи сарояндагони тоҷик шод шуданд ва фикр мекарданд, ки Меҳрнигор дигар боз намегардад.
"Ман чунин ният надоштам, ки грин корт бурд кунаму дигар ба Ватанам наоям. Ман Ватанамро дӯст медорам. Ба хотири оилаамон ба хотири мухлисонам ман бозгаштам", - гуфт Меҳрнигор.
Меҳрнигор дар Амрико консерт ҳам баргузор кард.
"Буданд одамоне, ки намехостанд, консерти ман баргузор шавад. Ҳар роҳеро истифода мекарданд, найранг мекарданд, бархеҳо бовар надоштанд, ки толор пур мешавад. Ман ҳайрон мешавам, ки наход мардум то ин андоза бадбин шаванд. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, консерти ман баргузор шуд ва интизор набудам, ки чунин мардуми бисёр ҳатто аз Самарқанду дигар ҷойҳо ба барнома меоянд".
Ба гуфти Меҳрнигор пас аз ин консерт чандин пешниҳоди ҳамкорӣ аз ҷониби продюсерҳои эронию афғонӣ шуд, вале ӯ то ҳол тасмими ниҳоиро нагирифтааст.
Меҳрнигори Рустам чанд рӯз пеш намоҳанги нави худро бо забони помирӣ пешкаши мухлисон кард, ки хеле хуш пазируфта шуд ва садҳо ҳазор тамошобин пайдо кард.