Амирҷон Холматов, роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ” барои таҷлили зодрӯзаш берун аз доираи аҳли оила ба нақзи қонуни танзим муттаҳам дониста шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 117 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Амирҷон Холматови 29-сола сокини ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, рӯзи 1-уми феврали соли равон, тахминан соатҳои 15:00 дар қаҳвахонаи шахсиаш маъракаи зодрӯзашро баргузор намудааст ва онро тавассути пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Мақомот Холматовро ба он айбдор месозанд, ки чунин намоишкорӣ метавонад боиси пайравӣ гардад.
Соҳибкор Амирҷон Холматов бар асоси қисми 8-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои нақзи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аз ҷониби догоҳ ба андозаи як ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста шудааст, ки маблағи он 117 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.