Зардпарвин яке аз бемориҳои сироятӣ буда, гирифторшавӣ ба он бештар дар фаслҳои тобистону зимистон миёни кӯдакони аз 2 то 12-сола ва баъзан калонсолон паҳн мешавад.
Аксарият аз нишонаҳои ин беморӣ огоҳ набуда, дар бештари маврид пас аз авҷ гирифтани он ба духтур муроҷиат мекунанд. Сомонаи “Оила” бо табиби оилавӣ аз шаҳри Истаравшан Санавбар Отамуродова атрофи ин мавзӯъ сӯҳбат намуд, ки фишурдаи он манзуратон мегардад.
- Мегуфтед, ки нишонаҳои асосии бемории зардпарвин кадом аст?
- Нишонаҳои бемории зардпарвин ин, пеш аз ҳама, баланд шудани ҳарорати бадан, сурхии ранги пешоб, сафедшавии ахлот, қайкунӣ, набудани иштиҳо, дарди шикам, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ ҳуҷайраҳо ва кори ҷигар вайрон шуда, аз худ моддаи билирубинро ба пӯст ва дигар узвҳои бадан медиҳанд. Дар натиҷа дар пӯсти бадан ва сафедии чашм зардӣ пайдо мешавад. Дар баъзе беморон аввал нишонаҳои болозикр пайдо шуда, зардшавии пӯсту чашм дертар ба амал меояд. Аз ин рӯ, волидайнро зарур аст, ки ҳангоми мушоҳида кардани яке аз ин нишонаҳо зуд ба духтур муроҷиат карда, фарзанди худро аз ташхис гузаронанд.
- Агар дар як хона якчанд кӯдак бошад, чӣ тавр дигаронро аз ин беморӣ ҳифз намоем?
- Чуноне ки зикр кардам, ҳангоми пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд зуд ба духтур муроҷиат намоем. Дигар кӯдаконро аз назди бемор дур карда, ҳавои хонаро тоза нигоҳ доред ва дезинфексия кунед. Ашёҳои мавҷуда, хусусан, он чизҳоеро, ки ба кӯдакон дастрас аст, бо собун шӯед. Ба дигар кӯдакони дар хона буда пайваста таъкид намоед, ки дастонашонро зуд-зуд бо собун шӯянд. Ҳар шахсе, ки ба ин беморӣ гирифтор шуд, бояд зуд дар беморхона бистарӣ шавад. Табобати он дар шароити хона мумкин нест. Зеро бемории зарпарвин сироятӣ ва вирусӣ мебошад.
- Роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ кадом аст?
- Риояи гигиенаи шахсӣ касро аз тамоми бемориҳо ҳифз мекунад. Дар ин баробар, дар мо нақшаҳои эмкунӣ аст. Дар Тоҷикистон якчанд навъи бемории зарпарвин мавҷуд аст. Ба намуди зарпарвини "в" эмкунии нақшавӣ аст, ки он дар таваллудхона дар якрӯзагии кӯдак гузаронида мешавад. Дар марҳилаи дуввуму севвум бошад, барои кӯдакон ваксинаи пентавалинт аст, ки онро дар 2-4-6-солагии кӯдак мегузаронанд, ки дар таркиби он зидди ин вирус моддаҳо мавҷуданд. Зардпарвини шакли "а" бемории вирусӣ буда, ҳангоми сирояти он бештар ҷигар зарар мебинад. Беморӣ асосан характери мавсимӣ – афзоишӣ дошта, ба давраи тирамоҳу зимистон рост меояд. Барои пешгирии он тавсия дода мешавад, ки дастонро зуд-зуд бо обу собун шӯянд. Меваҷоту сабзавотро бо оби ширгарм шуста, баъдан истеъмол намоянд. Аслан, дар урфи мардуми мо риоя кардан ба тозагӣ, хусусан гигиенаи шахсӣ, одати маъмулист. Вале аз ҳарвақта бештар амал кардан ба ин қоидаҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
- Чанд навъи бемории зардпарвин мавҷуд аст?
- Ҳашт навъи бемории зардпарвин мавчуд буда, гепатити "а" навъи сабуктараш аст, ки бештар кӯдакон ба он сироят меёбанд. Сирояти ин беморӣ тавассути дастони чиркин мегузарад. Намудҳои "в" ва "с" низ бисёртар вомехӯрад, ки дар бештари маврид калонсолон гирифтор мешаванд ва он тавассути асбобҳои ба хунолудашуда, (хуне, ки вирус дорад) сузандору ё дигар асбобҳо мегузарад.
- Чаро бештар кӯдакон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
- Кӯдакон дар аксари маврид аз ҳар гуна беморӣ худро ҳифз карда наметавонанд ва ба гигиенаи шахсӣ камтар риоя мекунанд. Дар баъзе маврид бо дастони ношуста, пас аз бозӣ кардан, ягон чиз истеъмол мекунанд, ё меваҳоро ношуста мехӯранд. Дар натиҷа эҳтимоли гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар онҳо меафзояд.
- Баъди шифо ёфтан бояд бемор аз чиҳо ва то кадом муддат парҳез кунад?
- Ин ба намудҳои беморӣ вобаста аст. Агар навъи сабуктари он бошад то се моҳ, агар миёна бошад, то шаш моҳ ва дараҷаи вазнин бошад, то як сол бояд парҳез намоянд, ки онро вобаста ба ҳолати бемор духтур муайян мекунад. Ба парҳез дохил мешаванд худдорӣ кардан аз истеъмоли равғани чарбу, маҳсулотҳои боднок, мош, нахӯд, хӯрокҳои танҳо ба равған зирбондашуда. Ба парҳез тавсия медиҳем, ки бештар нӯшоба, чойи сафед ё қандчой истеъмол кунанд. Ҳамчунин, истеъмоли хӯрокҳои сабуки камравған тавсия дода мешавад.
- Оё риоя накардани парҳез метавонад бемориро аз нав хуруҷ бахшад?
- Риоя накардани парҳез ба аз нав хуруҷ кардани беморӣ оварда намерасонад. Вале асоратҳои он ба бемор бештар мегардад ва иммунитети якумра пайдо мекунад. Беэътиборӣ нисбат ба саломатӣ метавонад барои авҷ гирифтани ҳама гуна беморӣ мусоидат кунад. Барои ҳамин табибон тавсия медиҳанд, ки ба гигиенаи шахсӣ сахт риоя намуда, ба саломатии худ беэътиноӣ накунанд. Ҳангоми гирифтор шудан ба ягон беморӣ зуд ба духтур муроҷиат карда, аз рӯйи тавсияҳои он амал намоянд. Фаромӯш насозанд, ки табиби ҳар шахс, пеш аз ҳама, худи ӯст!
- Сипос барои як сӯҳбати муфид!