Дар идомаи тағйироти кадрӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори донишгоҳи давлатии бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардид.
Ӯ то омадан ба ин мақом раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабл аз ин ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд.
Қурбонзода ба курсии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин нишаст, ки то ин замон раёсати донишгоҳро бар уҳда дошт. Мақоми нави ӯ маълум нест.