Рафоат Қосимова 56-сол дошта, сокини шаҳри Хуҷанд мебошад ва ҳанӯз 35-сол қабл бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шудааст.
Ин зани ҷафокашида умед дошт, ки писараш калон шуда, дами пирӣ такягоҳ ва пушту паноҳаш мегардад, аммо фарзанди ягонааш Қобилҷон дар синни дусолагӣ бемор шуда, якбора ҳам аз роҳгардиву ҳам аз гапзанӣ монд. Рафоат тифли бемор дар даст дар ба дари беморхонаҳо мегашт, вале касе дар Вилояти Суғд ба дарди писараш даво ёфта натавонист. Азбаски Рафат дар бисоташ ҳамагӣ як фарзанд дошт, қарзу қаволаи бисёре карда, писарашро барои табобат ба ҷумҳурии ҳамсоя бурд, вале дар шаҳри Тошкент низ табибон ба дарди Қобилҷон даво ёфта натавонистанд. Ҳамин тавр даводавиҳои модар ба ҷуз ба сараш бор шудани қарзи зиёд дигар ягон самар надоданд
Пас аз ин ҳама сарсонию саргардонӣ Рафоат дар назди худ мақсад гузошт, ки фарзандашро худаш табобат мекунад. Ҳунари маҳсгариро (массаж) медонист ва муддати дуру дароз фарзандашро маҳс намуда, билохира пойҳои аз ҳаракат мондаи писарашро ба кор даровард, вале забони қобилҷонро гӯё карда натавонист.
Занаш Қобилҷонро мурдакӯб карду...
Айни ҳол Қобилҷон 35-сол дошта лол ва бар замми ин, гирифтори бемории эпилепсия мебошад. Модараш ӯро ду бор оиладор кардааст, вале Қобилҷон аз оилаи аввалаш бе фарзанд ва аз зани дуюмаш бо як духтарча ҷудо шудааст. Сабабҳои пошхурии оилаи писарашро апаи Рафат чунин шаҳр медиҳад:
Келини якумам дар давраи духтарияш сабукпойӣ карда будааст ва ҳамон шаби аввал сирру асрораш фош шуда, аз хона пешаш кардем, зеро гуноҳаш нобахшиданӣ буд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, келини дуюмам, ки аз ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд, рӯҳан носолим баромад. Падару модараш бемор будани духтарашонро пеш аз тӯй аз мо пинҳон карданд. Вақте ки фаҳмидем, аллакай кор аз кор гузашта, никоҳ доштанд ва зану шавҳар шуда буданд. Ҳар гоҳ ба кор равам, ҳатман домком ё ҳамсояҳо занг зада мегуфтанд, ки Рафоатхон, тезтар биёед, ки келинатон дар тирезаи хона (8-ум ошёна) савор аст, мабодо ба поён наафтад. Омада бо зораву алда ба поён мефаровардам. Гоҳ болои боми бино баромада ҳамаро талхакаф мекард. Бо ҳамин аҳвол соли 2013 соҳиби як духтарча шуданд, аммо келин на бо зорӣ ба кӯдакаш шир доду на бо зӯрӣ. Ҳамин тарв аз 2-3 моҳагии кӯдак набераамро ба ман супорида аз иҷро кардани вазифаи модариша ба тамоми саркашӣ кард. Мани сарсахт барои небераам ҳам модару ҳам бибӣ шуда, бо хуни ҷигар кӯдакро калон кардам. Райҳонаҷон ҳанӯз 4 сола набуд, ки рӯзе дарди падараш (эпилепсия) хуруҷ кардааст. Келин шавҳари беморашро дар қади долон то мурдан задааст. Духтарча майда бошад ҳам, баъди ҳамин аз модараш дилсард шуд. Бо модараш ҷанҷол кардааст, ки чаро падари маро мезанӣ? Келинам духтарчаро заду гап назан гуфта дағалӣ кард. Хулоса, ҳамин тавр писарам аз дуюм оилааш ҳам ҷудо шуд.
Ҳар ҳафта модарамро диданӣ меравам, аммо...
Райҳона, духтарчаи Қобилҷон буда, 9-сол дорад. Замоне, ки модару падараш ҷанҷол карданд, вай ҳанӯз хеле хурд буд, вале лаҳзаҳои муноқишаи оилавии волидонашро то ҳол ёд дорад. Райҳона мегӯяд:
-Ман ҳам мехоҳам мисли дугонаҳоям падару модарам якҷо бошанд ва оилаи хуб дошта бошем, вале чунин хушбахтӣ дар насибам набудааст. Дар хотирам ҳаст, ки як бор бибиям дар кор будану падарам дар қади каридори касал шуда афтидан. Модарам “касалии дарди сар” гӯён, падарамро қариб мекушт. Ман гиря карда, тарафи падарамро гирифтам. Ҳамон рӯз агар бибиям дер меомаданд, модарам падари беморамро бӯғӣ карда мекушт.
Райҳна мехоҳад духтур шуда, падари беморашро табобат кунад, вале...
-Бибиям ҳар якшанбе маро ба пеши модарам мефиристад, то ки аз ҳам дур нашавем, аммо ман пеши бачаҳои тағоям меравам. Аз модарам зиёд хешони ӯро дӯст медорам,-мегӯяд духтарча.
Ҳоло холаи Рафоат талош дорад барои фарзандаш ҳамсари мувифиқ пайдо намояд, то ки умри ҷавони Қобилҷон ҳам мисли умри худаш дар танҳоӣ нагузарад.
Фарзона Муродӣ