Райҳон Ғаниева, овозхон ва ҳунарпешаи 42-солаи ӯзбек ахиран сару садоҳо дар бораи ҷудо шудан аз шавҳарашро шарҳ дод. Овозхон чанд муддат аст, ки ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш дар Миср истироҳат мекунад.
Аз аксу наворҳое, ки ӯ дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст, шавҳараш ба назар намерасад ва ин мухлисонашро нигарону ҳар гуна овозаҳоро ба миён овардааст. Мухлисони Райҳон дар зери аксҳои ӯ дар бораи аз шавҳараш ҷудо шуданаш саволҳои зиёд додаанд. “Дар бораи шавҳарам, ки ҳамроҳи мо дар таътил аст, саволҳо зиёданд. Рости гап, барои хондану ҷавоб додан ба ҳамаи шарҳҳо вақт надорам. Фақат ҳамин қадар гуфтан мехоҳам, ки ман аз шавҳарам ҷудо нашудаам ва хушбахтам. Ба шумо низ тамоми шириниҳои ҳаётро орзу дорам”,-навиштааст Райҳон дар Инстаграм.
Райҳон соли 2012 бо Йигиталӣ Мамадҷонов, ҳунарманди ҳоло 30-солаи ӯзбек издивоҷ карда, соли 2013 писаронаш Ислом ва Имронро ба дунё овард. Соли 2015 бошад, ҷуфти ҳунарманд барои ҷудо шудан ариза пешниҳод карданд. Райҳон дубора соли 2016 бо Фарҳод Алимов, ровӣ ва ҳунарманди 44-солаи ӯзбек хонадор шуд ва ҳоло хушбахт аст.