Arzon march 2024
Расонаҳои Осиёи Марказӣ муттаҳид мешаванд
425

Имрӯз Президенти ҶУмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод карданд, ки Ассотсиатсияи васоити ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи васоити ахбори омма ба Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта, фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан ба ҳам зид ва таҳриф дар бораи вазъи минтақа пур шудааст.

“Барои ба вуҷуд овардани фазои иттилоотии дӯстӣ ва ҳамкории ҳақиқӣ дар минтақа бар асоси далелҳои воқеӣ, на тахминкорӣ бояд чораандешӣ шавад." Президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Ассотсиатсияи васоити ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад”, - пешниҳод карданд Сарвари давлат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД