Formula novemver 2024
Рақсидан дар хоб чи таъбир дорад?
2246


Чанд шаб боз пай дар пай хоб мебинам, ки дар кадом базме рақс карда истодаам ё одамони наздикам бо шӯру шар рақсу бозӣ доранд.

Модарам мегӯянд, ки рақсидан дар хоб хуб атс ва ягон корам барор мегирад, вале бибиам баръакс таъкид карданд, ки эҳтиёт бошам, чунки рақс дар хоб фоли бад аст. Ростӣ ҳайрон мондам, ки ба кадомашон бовар кунам. Мехоҳам донам, ки рақс дар хоб нишонаи хушбахтӣ аст ё бадбахтӣ?

Гулнора аз ш. Душанбе

Аслан мувофиқи хобномаҳои исломӣ рақсидан дар хоб чандон фоли нек набуда, аз сар задани мушкилиҳои зиёд ва ранҷу азоб кашидани шахси хобдида дарак медиҳад. Аксаран ин душворӣ ва азобҳо бо айби худи шахс ба сараш меоянд, яъне одам баъзан худаш нафаҳмида гуноҳ мекунад ва ё оқибати амалашро андеша накрада, даст ба коре мезанад, ки худовандро аз он хуш намеояд. Аммо ҳамааш аз он вобаста аст, ки шумо маҳз чиро хоб дидед.

Кас хоб бинад, ки ҳамроҳи шахси дигар рақсида истодааст, даст ба тиҷорате хоҳад зад, ки барояш ягон зарра суд намеорад.

Зани оиладор хоб бинад, ки бо марди дигар рақс карда истодааст, байни ӯ ва ҳамсараш ҷангу ҷанҷол ба миён меояд. Духтари ҷавон хоб бинад, ки ягон дугонааш рақс карда истодаасту ӯ чапак мезанад, байни онҳо нофаҳмӣ сар зада, ҷангу ҷанҷол мекунанд ва қаҳрӣ мешаванд. Умуман, дидани рақси зан дар хоб нишонаи моҷарою ҷангу ҷидол аст.

Маҳбус, яъне шахси дар зиндон буда, агар хоб бинад, ки рақсида истодааст, ба зудӣ ба озодӣ мебарояд. Шахси бемор дар хобаш рақс кунад, вазъи саломатиаш вазнинтар шуда, касалиаш авҷ мегирад.
Ҳамроҳи аҳли оила, падару модар ва хоҳару бародарони худ рақсидан дар хоб фоли нек будааст. Чунин хоб аз боридани борони файзу баракати илоҳӣ ба сари аҳли он оила дарак медиҳад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, зиндагии серу пури хушбахтона насиби ӯ ва наздиконаш хоҳад гашт. Аммо хоб бинед, ки аҳли оилаи шумо дар ҷойи ҷамъиятӣ рақсида истоданду дигарон тамошо доранд, дар бораи хонаводаатон овозаи нохуш паҳн гашта, шиносу ношинос шумоёнро ғайбат хоҳанд кард ё ба ягон ҷанҷоли калон кашида шуда, ба қавле сақичи даҳони мардум мегардед.
Рақсу бозии кӯдакон дар хоб бисёр фоли нек буда, аз рӯй додани ягон хушбахтӣ дар хонадон дарак медиҳад.
Духтари ҷавон хоб бинад, ки бо марди зебое мерақсаду ҳама бо ҳавас ба онҳо менигаранд, ба зудӣ ба шавҳар мебарояд. Ҷавони муҷаррад чунин хоб бинад, зан мегирад,вале марди оиладор дар хобаш бо зане рақс кунад, бо ҳамсараш сахт ҷангу ҷанҷол шуда, хатари вайроншавии оила ӯро таҳдид хоҳад кард.
Кас хоб бинад, ки худаш танҳо дар маҳфил ё маъракае рақсида истодааст ва дигарон қарсак мезананд, ба комиёбии бузурге ноил мегардад ё соҳиби пули калон мешавад. Аммо чунин хоб барои одами мансабдор хосияти хуб надорад, зеро он як навъ бонги хатар аст, ки эҳтимоли шармандагӣ ин шахсро таҳдид мекунад ва бояд ҳар як қадамашро санҷида гузорад.
Бо тани урён рақс кардан дар хоб хуб нест. Шахс хоб бинад, ки луб-лучи модарзод рақсида истодааст, рӯзҳои сиёҳ ба сараш омада, манзилаш ғурбатхона хоҳад гашт. Мариз хоб бинад, ки бо тани урён мерақсад, хатари марг ё вазнинтар шудани бемориаш ба миён меояд. Мард хоб бинад, ки чанд зан дар гирдаш парвонавор давр зада, рақс карда истодаанд, бою бадавлат мешавад.
Мард, агар хоб бинад, ки дар байни мардум бо зани зебое рақс карда истодааст, соҳиби мансаби баланд ё пули калон мегардад ва дигарон ба ӯ бо чашми ҳасад хоҳанд нигарист.
Аммо бо доду фиғон рақсидан дар хоб хосияти нек надорад. Шахс хоб бинад, ки мисли қабилаи зангиҳо нимаурён шуда, доду вой кунон рақсида истодааст, ба сараш мушкилоти зиёде омада ба гирдоби ғаму дард ва душвориҳо гирифтор хоҳад гашт.
Зан хоб бинад, ки марде дар наздаш зону зада рақс карда истодааст, шавҳари бою бадавлат карда, як умр мисли малика зиндагӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД