Formula novemver 2024
Рашки зан, беқадрии журналист ва шӯҳрату сарват аз назари Зиёвиддини Нурзод
2858

Пайроҳаи эҷодии Зиёвиддини Нурзод барои банда қадам ба қадам ошност. Ман ӯро аз замоне медонам, ки донишҷӯ буд.

ЗИЁВУДДИН 3Зиндагии сангини ин марди ҳунарманд дар иҷорахонаҳо ҳанӯз аз лавҳи хаёлам зудуда нашудааст ва ёдам ҳаст, ки чи қадар аз бардоштани бори нози соҳибхонаҳо рӯҳан ранҷ мекашид. Зиёвиддин, ки табиатан бисёр инсони бо нангу номус ва бо ғурур аст, ҳамон солҳо аз азоби бепулӣ ва каму кости рӯзгор зиёд ғусса мехӯрд ва билохира ғурури баландаш ӯро ба гирдоби бемориҳо афканд, аммо чун рӯҳи мубориз дошт, тавонист дар набарди зиндагӣ ғолиб омада, бе кӯмаки “тағо” ва пушту паноҳ дар ҷодаи ҳунар роҳи худро дарёбад. Имрӯз дар тамоми Тоҷикистон шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки Зиёвиддини Нурзодро нашиносад ва аз таронаҳои дилфиребаш лаззат набарад. Исми Зиёвиддин акнун дар радифи ситораҳои санъати тоҷик қарор дорад.

ЗИЁВУДДИН 1

Магар барои як журналист роҳ ёфтан ба олами пурталотуми шоу-бизнес осон буд?

Ба хотири ҷавоб гирифтан ба ин савол бо ин марди ҳунар сӯҳбати кӯтоҳе оростем, ки фишурдааш ин аст:

-Зиёвиддин, пеш аз он ки сароянда шавед, шумо бо нӯги қалам нон хӯрда, чандин сол захмати рӯзноманигорӣ кашидаед ва то ҷое, ки медонем, то ба ҳол қаламу коғазро фаромӯш накардаед. Мегуфтед, ки кадоме аз пешаҳоятон бароят муқаддамтар аст: журналистика ё овозхонӣ?


-Наметавонам нисбати пешаи овозхонӣ, ки маро шӯҳрат ва ному нон додааст, носипос бошам, вале бо ин ҳама журналистика бароям муқаддастар аст. Аз он нигоҳ журналистикаро муқаддастар медонам, ки заҳмати зиёде мехоҳад. Як овозхон метавонад бо таронаҳояш танҳо мардумро лаҳзае шодию фараҳ бубахшад, вале як журналист барои дифоъи манфиатҳои мардуми оддӣ сина сипар мекунад. Бубинед, фарқият аз куҷо то ба куҷост!


-Бо ин ҳама коми санъаткор ширинтар аст…


-Мутаасифона чунин аст, масалан, дар чанд соли овозхониам банда тавонистам соҳиби манзилу мошин, ки заруратҳои аввалии зиндагӣ ҳастанд, бигардам. Бо маоши журналистӣ шояд дар тӯли тамоми умр ин миқдор маблағ ба даст намеовардам ва кӣ медонад, ки боз чандин даҳсолаҳо бори миннати иҷорахонаю соҳибонашро мекашидам. Бо ин ҳама саҳна амсоли як баҳор аст-баҳоре, ки ба думболаш хазон дорад. Эҷоди журналист ва умуман аҳли қалам монданист.


-Ин ҳама сина сипар карданҳои журналистон барои ҳақиқат қадрдонӣ намешавад…


-Замони бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ доштанам, ҳамроҳ и Робияи Холмирзо ният доштем саҳифаеро боз намоем бо номи «Беқадртар зи хори биёбонӣ, журналист», вале ба орзуҳомон нарасидем. Натавонистем чароғаке афрӯзем барои ҳампешаҳоямон, ки ҳамеша барои дигарон сина сипар мекунанду худ такягоҳе надоранд. Журналистикаро ҳокимияти чаҳорум мегӯянд, вале заҳмати рӯзноманигорон ба таври бояду шояд қадрдонӣ намешавад. Маоши журналистони мо нисбати ҳампешаҳои хориҷиашон хеле паст аст. Сарчашмаи дигари даромад низ надоранд. Ба онҳ ое, ки бо ин ҳама душврихо аз пешаи худ рӯй натофтаанд, аҳсант бояд хонд!


-Кашидани бори шӯҳрат хеле гарон аст, ҳатто ҳодисаҳоеро медонем, ки маҳз шӯҳратмандии овозхон боиси вайрон гаштани оилааш шудааст. Муҳаббати мухлисдухтарони Зиёвиддин боиси рашк бонуи кошонааш намегардад?


-Аслан гирди номи ҳар нафаре, ки шӯҳрат дорад, овозаю ҳангомаҳо паҳн мешаванд. Гуфта наметавонам, ки дар бораи ман чунин овозаҳо паҳн нагаштаанд. Хушбахтона ҳамсарам оқила аст. Вай ҳар дафъа тавре вонамуд мекард, ки гӯё чизе нашунидааст…


-Ин рафтори ҳамсаратон нишонаи боварист ё ба тақдир тан додааст?


-Гумон мекунам боварист, зеро ба қавли русҳо «не даю поводов для ревности». Умуман, вафодорӣ сутуни асосии хушбахтии оилавист.


-Магар ҳамсари овозхон бе рашк зиста метавонад?


-Ин ба ақлу фаросати зан вобаста аст. Зани оқила бояд ба рашку ҷанҷолҳои беҳуда роҳ надиҳад. Овозхон ҳамеша дар мадди назари мардум аст, ба ӯ занг мезананд, изҳори меҳру ихлос менамоянд –ин ҳамаро бояд табиӣ қабул намуд. Шукри худованд, ҳамсарам бо ман ҳамин гуна муносибат мекунад. Ҳарчанд овозаҳо буданд, ки гӯё ман аз ҳамсарам ҷудо шудаам, вале ин ҳангомаҳо асос надоштанд ва байни мо ҳеҷ гоҳ нофаҳмию ҷангу ҷидол набуд!

ЗИЁВУДДИН 2


-Аксари ҳунармандон аз «ҳуҷуми мухлисон» гурехта, тез-тез рақамҳои телефонашонро иваз менамоянд. Зиёвиддин чунин одат дорад?


-Мухлисони ман хеле мардуми самимӣ ҳастанд, аз ин рӯ ба муҳаббати онҳо бо худхоҳӣ посух гуфтан камоли беақлӣ мебуд. Ман аз зангҳои телефонӣ ва сӯҳбатҳои мухлисонам шод мешавам. Мекушам ба муҳаббати мардум ҳамеша бо муҳаббат посух бигӯям.

Р/S
Муҳовараи мо бо Зиёвиддини Нурзод чанд сол қабл сурат гирифта бошад ҳам, то ҳол моҳияти худро аз даст надодааст. Аз ҳамин хотир онро манзури хнандагони азизи сомона гардондем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД