Arzon march 2024
РАҚҚОСА БУДАМ ...
4958

Ман мушкиле дорам ва мехоҳам дар ҳалли он аз хонандагони азиз маслиҳат пурсам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки замоне мерасаду шуғлу ҳаваси дар наврасию ҷавонӣ доштаи ман боиси монеҳо дар ҳаёти шахсии азизони ман гардад, онҳо аз ман шарм доранд, вале мутаассифона….

Эркадухтар

Падару модари ман аслан аз Самарқанди бостонӣ буданду барои донишҷӯ шудан ба Душанбе омадаанд. Ҳар ду дар ҳамин ҷо донишгоҳро хатм намуда, оила барпо намуданду дигар ба ватани бобоӣ нарафтанд. Дар оила мо ду нафар будем, ману бародарам…

Падару модарам ҳар ду омӯзгор бошанд ҳам, ба санъат меҳри беандоза доштанд. Падарам тамоми асбобҳои мӯсиқиро навохта метавонистанду модарам овози ширинеро соҳиб буданд. Вақте он кас Шашмақом месароиданд, рӯҳу равон роҳат мекард. Ман баъди дарсҳо ба як гурӯҳи рақсӣ мерафтаму машқ мекардам. Дар озмуну чорабиниҳо ширкат меварзидам, падару модарам бо духтараки ҳунармандашон ифтихор мекарданд.

Оҳиста - оҳиста қад кашида, ба нозанине табдил ёфтам, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи санъат супорида, донишҷӯ шудам. Ҳам мехондам, ҳам дар гурӯҳи рақсии овозадоре кор мекардам…

Ишқи аввал

Ростӣ, ошиқонам зиёд буданд, аммо касеро дӯст намедоштам. Тавре модарам таъкид мекарданд, танҳо бо марде оила барпо намудан лозим, ки дӯсташ дорӣ, асоси оила ишқ аст. Ман низ мунтазири ишқ, нигоҳи ҳавасомези ошиқони шилқинамро писанд намекардам, аммо..

Бо ризоияти волидонам ҳамроҳи ҳофизи машҳуре, ки рафиқи наздики падарам буд, ба тӯйҳо мерафтам. Тӯйдорон ва меҳмонони тӯй аз сарам пул мерехтанд, пули ёфтаамро ба дасти модарам медодам ва ӯ барои ҷиҳози арӯсиям онро пинҳон карда мемонд. Ҳофизи машҳур маро чун гавҳараки чашмаш, чун духтараш дӯст медошту ҳамеша аз меҳмонони масту шилқин ҳимояам мекард.

Он вақтҳо мардум маданият доштанд, ба раққосаҳо назари бад ҳам набуд. Як бегоҳ дар тӯйи арӯсии писари як калоншаванда хизмат мекардем, баъди анҷоми базм як ҷавонмарди болобаланди зебо наздам омада гуфт:-Шуморо мумкин? Ҳофиз - рафиқи падарам пешамон ҳозир шуда, пурсид, - хуб, хизмат ҷавони нағз. Ҷавон, ки Сафо ном доштааст, бо хандаи хиҷолатомез ҷавоб дод, ки ба ман гапи ҷиддӣ дорад.

Ҳофиз дасташро гирифта, онтарафтар бурд, байни онҳо чӣ гап шуду не, намедонам, вале ҳамон шаб то рӯз чашмони меҳрубону нигоҳи хиҷолатомези ҷавон аз пеши назарам дур намешуданд. Сафо дар дили ман сафо оварда буд, воқеан… Рӯзи дигар аз донишгоҳ мебаромадам, ки Сафо “салом, Азизабону”, гӯён, наздам пайдо шуд. Дар дасташ як дастагули зебои садбарги сурх буд…

Хандаи бахт

Ҳамроҳи Сафо аз донишгоҳ то наздикии хонаамон пиёда омадем, тули ин роҳи дароз ӯ ба ман саргузашти худро нақл кард. Аз гуфтаҳояш фаҳмидам, ки ӯ дар хонаи бачаҳо ба воя расида, баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбию Донишгоҳи варзиш дар як қисми ҳарбӣ кор мекунад.

- Падарам ҷавон вафот кардаасту модарам дар чорсолагии ман ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, тағоҳоям маро ба хонаи бачаҳо супориданд. То зинда будани модарам гоҳ-гоҳ аз авҳолам хабар мегирифтанд, баъдҳо дигар суроғам накарданд.

Ба ман духтарони зиёде рӯирост изҳори ишқ мекунанд, аммо ту писандам омадӣ. Дар ин тӯй ман аз тарафи арӯс иштирок мекардам. Бо бародари арӯс рафиқони ҷонием,- гуфт Сафо…

Ману Сафо ду моҳ ба ҳам вохӯрдем, ягона шарти ӯ ҳамин буд, ки ман аз баҳри рақс бароям. Ман розӣ шудам…

Пас аз чанде аз тарафи Сафо падари рафиқаш ва командире, ки ӯ зердасташ буд, хостгорӣ омаданд. Падару модарам майли маро ба ҷавон дида, розӣ шуданд ва тӯйи мо дар ҳалқаи ёру дӯстону хешу табор хеле диданӣ баргузор гашт.

Пас аз тӯй Сафо маро ба хобгоҳи қисми ҳарбӣ бурд. Ман дар мактаби қисми ҳарбӣ ба ҳайси муаллимаи мӯсиқӣ ба кор даромадам. Аз ҳисоби кӯдакон гурӯҳи рақсие ташкил кардам, ки дар ҳама чорабиниҳои қисми ҳарбӣ ҳунарнамоӣ мекарданд. Зиндагиямон оғози ширине дошт…

Тавлиди фарзандон

Ман пайи ҳам ду фарзанд - писар ва духтараки нозанине таваллуд кардам, ҳамсарам ба як сохтори қударатӣ ба кор даромаду ба мо дар маркази шаҳр хонаи сеҳуҷрагӣ доданд. Ман баъди калонакак шудани фарзандонам боз ба мактаб ба ҳайси муаллимаи мӯсиқӣ ба кор даромадам.

Дар ин миён падару модарам аз дунё гузаштанд, додарам, ки дар Маскав донишгоҳро хатм карда буд, ҳамон ҷо бо духтараки озарие хонадор шуда, ба ватан наомад. Азбаски дар ҳамон ҷо соҳиби хонаву дари обод буд, ҳавлияки вайронаи падариро ба ман бахшид. Ману шавҳарам хонаҳои кӯҳнаро афтонида, дар ҷояш хонаҳои зебои замонавӣ сохта, ба ҳавлӣ кӯч бастем.

Аз ҳамин ҳавлӣ духтарамонро ба обрӯ шавҳар дода, ба хонаи бахташ гусел кардем, писарамонро низ зан додему келин фаровардем. Писару келинам ҳар ду духтуранд, зиндагиямон рӯз аз рӯз ободтар мешуд. Чун ҳамсарам ба нафақа баромад, писарам маро низ дигар кор кардан намонд.

Мо пиру кампир якҷоя хонаи Худоро зиёрат кардему дар сояи давлати фарзандон ба тоату ибодат ва тарбияи наберагон машғул гаштем. Аз Худои мутаол розӣ ва мамнун умр ба сар мебарем ва ба неку бади касе кор надорем, вале одамони хубтарин ҳам бадхоҳ доштаанд…

Самари зиндагӣ

Писару келинам духтурҳои машҳуранду боз тиҷорати дору ҳам доранд, аз ин рӯ, зиндагиямон серу пур ва шоиста аст. Онҳо ба хонаҳои сохтаи мо иктифо накарда, аз сар хонаҳои дуошёнаву замонавӣ сохтанд. Мо ду набераи духтарӣ ва се наберӣ писарӣ дорем.

Духтарам ҳар ду фарзандашро хонадор карду мо нахустабераро низ дидем, акнун навбати хонадоркунии писари писарамон шуд. Арӯсро худаш ёфт, мо хостгорӣ рафта, бо тӯю сур келинро ба хона овардем, пас аз келинфарорӣ хостгорон барои духтарон дари хонаамонро охӯрча карданд. Гулнозу Шаҳноз аз ҳам як сол фарқ доштанд, ҳар ду донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ, зебо, баландқомат, аз панҷ панҷаашон ҳунар мерезад.

Дар охир гапамон ба хостгории ду бародари дугоник, Тоиру Зоир қарор гирифт, ки онҳо аз оилаи хуб буданду хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ. Қудошавандаҳоро чанд бор меҳмон кардем ва ба ҳамдигар мисли хешу табор ҳам шудем, маслиҳат буд, ки баъди каме ба эътидол омадани вазъ, аз байн рафтани вабои навбаромад тӯй мекунем, вале…

Неши ақраб

Як бегоҳ Шаҳноз бо чашмони гиряолуд аз хонааш баромада, назди ман омада гуфт:-Бибиҷон рост аст, ки шумо дар вақташ раққосаи тӯйгард будед? Ростӣ, аз ин савол дар ҳайрат афтодам ва чӣ ҷавоб гуфтанамро ҳам намедонистам. Ба зӯр ҳушу ёдамро ҷамъ карда гуфтам:-Ин савол аз куҷо пайдо шуд?

- Касе ба бибии Тоир гуфтааст, ки бибии келиншавандаҳоят дар вақташ тӯй ба тӯй рақс карда мегашт, наход аз ҳамон хел авлоди беаслу насаб келин гиред…

Фишорам баланд шуду дарди сахте сарамро ба панҷаи худ гирифт, дору хӯрда ором шудаму ба писарам аҳволро нақл карда, ба мошин нишаста, ба хонаи қудошавандаҳо рафтем. Онҳо моро бо ҳайрат пешвоз гирифтанд, рӯйи курпачаи лаби кат амонат нишаста, бибии хонадонро наздам хондам.

Ин зан ҳамсоли худам буда, хеле қавоқию дуруштгап будааст, келину писараш ҳамин қадар пеши даҳонашро гиранд ҳам, ӯ “Мо аз авлоди эшонзодаҳо чӣ гуна набераи раққосаро келин мекунем” гуфта, маро таҳқир мекад, ҳамин вақт писарам гуфт:

- Хола ба даҳонатон нигоҳ карда гап занед, модари ман раққоса аст ё ҳофиза барои ман азиз аст, баъд вай аёми кӯдакияш рақс мекардааст, шахсан ман ёд надорам… Ман ҳам бо шумо қудо намешавам, фардо ҳама чизи бурдаатонро гардонда меорам!

Ҳамин тавр, кори хайри набераҳоям бо «айб»-и ман вайрон шуд. Ҳарчанд Тоиру Зоир ва падару модараш зорӣ карда истодаанд, аммо писарам дигар рӯйи онҳоро дидан намехоҳад…

Гунаҳгори «бегуноҳ»

Ҳамин дирӯз ҳам модари бачаҳо хона омада буд, ӯ гуфт, ки хушдоманаш бо онҳо зиндагӣ намекунаду гоҳ-гоҳ омада, ана ҳамин хел неш зада меравад. Бисёр кунҷков аст, барои фаҳмидани «тагу тӯшаи» шумо як рӯзи дароз дар ҳамин маҳалла пурсиш гузаронидааст- мегӯяд модари Тоиру Зоир.

Дили духтар ҳам ба ҳамин ҷавонҳо кашол аст… Ман ҳамин қадар ба писарам мефаҳмонам, ки ҳеҷ гап не, гуфтааст майлаш, аз фотеҳа гаштани духтар кори хуб нест, аз якравияш намемонад. Келинам ҳам тарафи шавҳарашро гирифта, мегӯяд, ки аз ҳозир таънаро сар кардаанд, оянда чӣ мешавад?

Намедонам ояндаи ин риштаи кӯргиреҳхӯрда чӣ мешавад, аммо мехоҳам аз минбари баланди сомонаи «Оила» ба ҳамон ҳамсояе, ки маро дар назди қудошавандаҳо сияҳ кардааст, бигӯям:

- Оре, ман рақкоса будам, вале фоҳиша не! Солҳои дароз ба фарзандони мардум таълиму тарбия додаам, фарзандону набераҳои худамро шахсони сазовор ба воя расонидам, ба касе бадиям нарасидааст… Пас, барои чӣ маро сиёҳ мекунед?! Аз Худо ёбед!

Азиза Собитова,

ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД