Sebiston new 2024 october
РАҲМИЯ АЮБИРО КӢ АЗ САҲНА ДУР КАРД?
3427

 

Раҳмия Аюбӣ, овозхони 34-солаи тоҷик, сабаби вақтҳои охир нопайдо буданашро шарҳ дод. Овозхон гуфт, саҳнаро ба пуррагӣ тарк накардааст, танҳо ҳодисаҳои моҳҳои охир ӯро озурдаву дилмонда кардаанд. “Саҳнаро тарк накардаам.

Чуноне дар суҳбатҳои қаблиам низ гуфта будам, бародарамро, оне ки ман беҳад дӯсташ медоштам, аз даст додам. Баъди ин ҳодиса каме дилам монд, вале шукри Худо, феълан ҳамааш хуб аст”,-мегӯяд Раҳмия Аюбӣ дар барномаи интернетии “Медонӣ ё не”. Дар идома овозхон илова мекунад, ки барои мухлисонаш як суруди тӯёна ва ду суруди эстрадӣ омода кардааст, ки дар наздиктарин фурсат пешкаш хоҳанд гашт.

Раҳмия Аюбӣ духтари шоир ва драманависи тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ (1945-2011) буда, дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Худро шогирди Манижа Давлатова мешуморад ва аз зумраи овозхонҳоест, ки садои нотакрор дорад. Номи аслии Раҳмия Заррина мебошад. Соли 2017, баъди он ки миёни овозхон ва шавҳараш моҷарое ба миён омаду шавҳараш ӯро бо 23 зарби корд захмӣ кард, ӯ Зарринаро ба хок супориду ба худ номи Раҳмияро интихоб намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД