Sebiston new 2024 october
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Панелҳои офтобӣ неруи барқ ва буҷаи оиларо сарфа мекунанд
170

Насби панелҳои офтобӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои худи мардум бениҳоят муфид аст, зеро неруи барқро сарфа намуда, хароҷоти оиларо ба таври назаррас кам мекунанд...

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон иброз дошт.

Мирзозода ба саволи хабарнигорон дар бораи насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои нав ҷавоб дода, аз ҷумла гуфт:

- Тоҷикистони мо кишвари офтобӣ аст ва ҳатто дар фасли зимистон низ имконияти аз панелҳои офтобӣ истифода бурданро дорем. Панелҳои офтобӣ метавонанд 100% талаботи рӯзонаи як оиларо, сарфи назар аз он ки оилаи хурд аст ё калон, ба пуррагӣ қонеъ созанд. Дар сурати истифода бурдан аз кондитсионер, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар намудҳои техникаи маишӣ шояд шабона барои чанд соат зарурати пайвастан ба шабакаи неруи барқ пеш ояд. Ин барои оилаҳо бисёр муфид аст, чунки хароҷоти барқ кам шуда, маблағе, ки барои неруи барқ сарф мешуд, дар буҷаи оила мемонад.

Дар идомаи суханаш раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ки аксари корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон рӯзона кор мекунанд ва онҳо низ метавонанд пенелҳои офтобиро дар боми корхона насб карда, бо кумаки неруи аз офтоб гирифташуда фаъолият намоянд.

Дар шароити Тоҷикистон, ки мушкили норасоии неруи барқ дорад, истифодаи панелҳои офтобӣ дар ҳақиқат хеле муфид буда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД