Formula novemver 2024
Пушаймонии арӯси мағрур
7518

 

Эркаи оча

Мо дар деҳае зиндагӣ мекардем, ки мардум мафкураи маҳдуд доштанд ва ҳатто як чизи оддитаринро ҳамчун фоҷеа қабул мекарданд. Ман, ки дар оилаи зиёӣ ба воя расида будам, рафтори ҳамдеҳагонам ба назарам бисёр хандаовар менамуд. Мо дар оила се духтарем. Падарам соҳиби шаҳписар набошанд ҳам, шукронаи моро мекарданд ва ҳама нозу нузамонро мебардоштанд. Барои волидонам махусан мани пас аз интизориҳои 15-сола ба дунё омада азиз будам ва ҳар чӣ мехостам, ҳамон замон муҳаё мегашт.

Аз афсона то ҳақиқат

Пеш аз ба қишлоқ кӯчиданамон деҳа ба назарам як олами афсонавӣ менамуд ва ҳар рӯз «кай қишлоқ меравем?» гуфта ҷони падару модарамро ба лабашон меовардам, вале баъди муқими деҳот гаштан фаҳмидам, ки интизориҳои ман танҳо сароби фиребое будаасту халос! Аз он рӯзе, ки ба деҳа кӯчидем, муҳити хомӯшаш маро дилгир намуд. Ин ҷо кас озодона нафас кашида наметавонист, ҳамсояҳо ба ҳар қадаму ҳар суханамон аҳамият медоданд ва ман худро мисли маҳбусе эҳсос мекардам, ки ҳамеша зери назорат аст. Мани шаҳрӣ ҳеҷ ба зиндагии деҳотиёна одат карда наметавонистам.

Хостгорӣ

Ҳангоме ки дар синфи 10 мехондам, дар яке аз чорабиниҳои мактабамон баранда шудам. Аз афташ то он рӯз ягон духтар дар саҳна баромад накарда будааст, ки ҳама гӯшу ҳуш шуда ба ман менигаристанд. Талабгоронам баъди маҳфил якбора зиёд шуда, ҳар рӯз хостгорон дарамонро мекуфтанд. Падару модарам аз байни хостгорон писарамакам Хуршедро ба ман номзади сазовор ҳисобида, ақаллан як даҳон напурсида, моро фотиҳа карданд. Мани соддаи кӯдаксифат ба як сабад ширинию як дастурхон кулчаи ширмоли янгаам фирефта шуда, фотиҳаро танҳо як бозии зебо пиндошта чизе нагуфтам. Боварӣ доштам, ки ҳар гоҳ хоҳам, фотиҳаро вайрон мекунаму ба ҷавони дилкашам ба шавҳар мебароям.

Ишқи бачаи ҳамсоя

Духтари дар фотиҳа бошам ҳам, пинҳонӣ аз пайвандонам бо бачаи ҳамсоя во мехӯрдам. Мо ба ҳамдигар қавлу қасам ёд мекардем, ки то абад ҷудо намешавем. Он вақт аз куҷо медонистам, ки ҳаётамро бо дасти худ месӯзам ва орзуҳоямро бо дастони худам мекушам.

Хуллас, ин ишқ бароям ба ҷуз нангу русиёҳӣ дигар чизе наовард. Мавлонча ном бачае, ки дуртар аз мо зиндагӣ мекарду чандин бор ба ман изҳори муҳаббат намуда, ҷавоби рад гирифта буд, қасд карда, қиссаи ишқбозиҳои маро ба аҳли хонаводаамон расонд. Қиёмат он рӯз дар хонаи мо гӯё қоим шуд, апаҳоям «ту моро шарманда мекунӣ»-гӯён, маро зери мушту лагад гирифтанд. Дили модарам ба ҳолам сӯхт ва маро аз зери чанголи падару апаҳоям халос кард. Пас аз насиҳатҳои модарам каме ба худ омадам ва ба тақдир тан додам. Гарон буд даст кашидан аз ишқи аввал, мисли ҳезуми тар месӯхтам дар ғами азизи дилам, зеро бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медоштам, вале замин сахту осмон баланд буд. Акнун ақлам ба сарам зада, дарк мекардам, ки фотиҳа бозӣ не, қариб никоҳ будаасту дигар роҳи бозгашт надорам. Кӯшиш мекардам, ки хаёлҳои хоми ошиқонаро аз сар дур намуда, меҳри ҷавонеро ба дил роҳ диҳам, ки имрӯзу пагоҳ шавҳарам мешавад, вале намешуд. Дили саркашам ҷавони то ин дам бароям мисли бародарро ҳеҷ ҳамчун шавҳар қабул карда наметавонист. Хуршедро дӯст надоштанам боз як сабаби дигар ҳам дошт, писарамакам солҳои мактабхониамон дугонаи наздики маро дӯст медошт ва мани сода байнашон хатбарак будам. Аз ҳамин сабаб меҳрубониҳояш ба ҷигарам мисли корд мехалиданд ва нафратам торафт ба вай меафзуд.

Алам аз шишаю соғар

Ишқбозии ман бо бачаи ҳамсоя ба гӯши номзадам низ расид. Гумон доштам, ки Хуршед ба ғазаб омада фотиҳаро мегардонад, вале ин тавр нашуд. Аз афташ амакам истодагарӣ кард, ки касе аз аҳли хонаводаашон дар ин хусус бо ман ошкоро сӯҳбат накард. Зоҳиран чизе тағйир наёфта бошад ҳам, аз рафтори Хуршед ҳувайдо буд, ки ин хабари нангин ӯро бе корд куштааст. Ҷавони соҳибмаълумот аз алам якбора дил ба шароб баст, акнун касеву чизе ба ҷуз шишаи май тасаллои дили бемору шикастааш гашта наметавонист.

Арӯсу домод ё душмани қаттол

Падараму амакам маслиҳат карданд, ки маро ба донишгоҳ дохил мекунонанду тӯйро соли дигар мегузаронанд. Ба пойтахт омада бо сари баланд шомили донишгоҳ гаштам. Акнун худро мисли моҳӣ дар об озод ҳис мекардам. Бештар хурсандиам аз он буд, ки аз одами бад медидаам, яъне номзадам дур шудам ва акнун рӯйи Хуршедро намебинам. Намедонам писарамакам маро дӯст медошт ё падараш маҷбураш мекард, ки тез-тез занг зада, ҳолу аҳволамро мепурсид. Якравӣ карда баъзан ҳатто маро хабаргирӣ меомад. Арӯс бояд домодро мисли ғунчаи навшукуфта бо лаби хандон пешвоз бигирад, вале ман ҳар дафъа мисли мотамзада бо қошу қавоқи овезон ва лабу лунҷи кашол назди Хуршед мебаромадам. Писарамакам бисёр ҷавони боандешаю сабур буд ва тамоми рафторҳои аҳмақонаи маро нодида мегирифт. Меҳрубонӣ мекард ва тез-тез «ту студент» гӯён, ба киссаам пул монда мерафт, вале дили мани кӯрнамак ҳеҷ ба вай гарм намешуд. Ҳар бори ба деҳа рафтан назди худ мақсад мегузоштам, ки ҳатман фотеҳаро мегардонам, вале бо дидани падару модари меҳрубонаш ҷуръат намекардам. Бештар дилам ба ҳоли хоҳари бемораш месӯхт, падару модараш духтарашонро дар ба дари табибон мегардонданд, вале суде набуд. Ҳоли бемор торафт бадтар мешуду беҳтар не.

Фотиҳагардон

Таътили зимистона фаро расиду ба деҳа рафтам. Пас аз зиндагии пуршӯру шари шаҳр акнун боз деҳа дар назарам як қабристони тираю торро мемонд ва номзадам ба назарам ғули биёбон метофт. Шабу рӯз гиря мекардам. Аз шиддати асабоният ва ғаму дард рангам заъфаронӣ ва лоғару касалнамо гаштам. Падари бечораам натавонист ба оҳу нолаҳои пайвастаам тоб орад ва шоме маро наздаш даъват карда, сабаб пурсид. Бешармона фотеҳаамро гардонед гуфтам. Волидони ғамхорам хотири хушбахтии эркадухтарашон талабамро пазируфта рӯзи дигар ба хонаи амакам рафтанду фотиҳаро гардонданд. Байни ду бародар муноқиша сар зада бошад ҳам, мани худхоҳ аз кардаам розӣ ва шоду масрур будам. Худоро ҳазорон шукр мегуфтам, ки ҷонам халос шуд. Акнун ман ба қавле паррандаи озод будам ва дунё дар назарам рангин менамуд.

Таҳдиди домоди кидатшуда

Хуршед аз он, ки фотиҳаро гардондам, сахт ранҷид. Ба хонаамон омада бо ман ҷанҷол кард ва «хурсанд нашав, ки фотиҳаро гардонданд. Ман туро ҳаргиз хушбахт шудан намемонам! Мебинам, ки чӣ хел шавҳар мекунӣ» гуфта таҳдид карда рафт. Аз ояндаи худ акнун дар ҳарос будам, метарсидам, ки мабодо Хуршед аз ман қасд гирифта, ягон кори ноҷо накунад. Аз деҳа бо дили хиҷил баромада боз ҷониби пойтахт равон шудам.

Дидори вопасин

Аз бозгаштам ба шаҳр як ҳафта нагузашта Хуршед занг зад ва хоҳиш кард, ки боз як бори дигар дар масъалаи фотиҳа ҷиддӣ фикр кунам. Мани беандеша боз не гуфта ба сараш дод задам ва талаб кардам, ки маро ба ҳолам гузорад. Хеле сукут карду баъд як оҳи чуқури дардолуд кашид ва «ман туро маҷбур намекунам, вале чи кунам, ки дӯстат медорам. Илтимос, боз як бор фикр кун» гуфта телефонро хомӯш кард. Ростӣ, баъди ин сӯҳбат ба фикр фурӯ рафтам, зеро то он вақт ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки Хуршед маро дӯст медорад. Шомгоҳон боз телефонам занг зад. Рақами Хуршедро дида оҳи сард кашидаму гӯшакро бардоштам. «Шукронҷон, шояд дар дилат ба ман ҳазорон бор лаънат мехонӣ, ки ҳар дам занг зада, туро ҷонбезор мекунам. Илтимос, бори охир ба гапам гӯш кун. Маро бубахш, ки ҳамон рӯзи фотиҳаро гардонданат ба хонаатон рафта ҷанҷол бардоштам ва туро дашном дода, таҳдид кардам, ки тӯятро вайрон мекунам. Тақдиру насиб чунин будааст, аз қисмат ҷойи гурез нест. Маро бубахшу хушбахт бош» гуфт Хуршед ва телефонро хомӯш кард. Бепарвоёна «аз афташ ин бача девона шудааст» гуфта телефонро ба гӯшае ҳаво додам. Он вақт аз куҷо медонистам, ки ин охирин сӯҳбати ман бо Хуршед аст.

Фоҷиа

Саҳар зангҳои пай дар пайи апаҳоям маро ба ташвиш оварданд. Дилам сар задани нохушиеро эҳсос карда сиёҳӣ меовард, вале аз тарси муаллими сахтгир гӯшакро бардошта наметавонистам. Базӯр то охири дарс тоқат кардам ва баробари баланд шудани садои занг ба берун тохта ба апаи калонам занг задам. Телефонро бардошта сард аҳволпурсӣ кард. Садояш гирифтаву ларзон буд. Пай бурдам, ки нохушие рух додааст. «Апаҷон, ягон ҳодиса рӯй дод? Илтимос, гап занед, ки дилам мекафад» гӯён кунҷковӣ кардам. Апаам ҳиққосзанон гиристу гуфт: «Хуршед аз дунё гузашт. Барои дидорбинии хешовандон ба Душанбе рафта дар роҳ ба садама гирифтор шудааст. Ҷисми беҷонашро ба хонаашон оварданд!» Баробари шунидани ин суханҳо гӯё осмон ба сарам фурӯ рехт ва беихтиёр рӯйи замини обу лойолуд нишаста бо тамоми овоз гиристам. Донишҷӯён бо ҳайрат сӯям менигаристанд. Эҳ, онҳо дарди маро аз куҷо медонистанд?! Аз куҷо медонистанд, ки ин лаҳзаҳо хандаи зебою ҳазлу хӯшиҳои Хуршеди ҷавонмарг дар лавҳи хаёлам зинда шуда маро бе корд мекушанд. Ба худам лаънат мехондам, ки Хуршедро дар зиндагӣ ноумед кардам, вале дигар пушаймонӣ суде надошт. Гириста-гириста диламро каме холӣ кардаму сипас ба сари роҳ баромадам, то ягон мошин ёфта зудтар ба деҳа равам ва бори охирин Хуршеди нокомро бубинаму барои ҳамаи кардаҳоям бахшиш пурсам. Дилам мехост дар сари тобуташ фиғон кашида бигӯям: «Маро бубахш! Маро бубахш, ки подоши он ҳама муҳаббататро баргардонида натавонистам!» Мехостам бо чашми хунбор Хуршедро то хонаи охираташ гуселонам, вале ба тақдири бадам ҳамон рӯз роҳҳоро баста буданд ва ягон мошин ба назар наменамуд.

Нолаи модари зор

Бо азобҳои алим ба деҳа расидам. Янгаи бечораам ҳамаи либосу ҷиҳози барои тӯйи писараш ҷамъкардаашро рӯйи ҷисми беҷони Хуршед партофта нола дошт. Маро дида аламаш тоза шуд ва фиғон аз ҷигари пурхун кашида гуфт: «Шукронаҷонам, арӯси писаракам омад. Биёед, пеши пояш пойандоз партоед ва пулҳои бо мурод ҷамъкардаамро ба сараш пошед. Дар қадамҳояш гулкорӣ кунед, ки писарам беормон равад. Хуршеди ман ошиқи зори ҳамин духтар буд ва ҳар рӯз сад орзуи ширин мекард, ки тӯйи осмонкаф ороста Шукронаро арӯс карда хона меорад…» Бо шунидани ин суханҳо аз ҳуш рафтам. Вақте ки ба худ омадам аллакай Хуршеди номуродро ба хонаи охираташ гусел карда буданд.

Ҷазои мурғи озод

Хуршед рафт. Рафт бе бозгашт ва мани аблаҳ акнун дарк кардам, ки вай бароям чи қадар азиз будааст. Шабу рӯз мегирям, вале ашкҳои хунинам наметавонанд Хуршедамро зинда кунанд. Гумон доштам, ки амаку янгаам маро дар марги писарашон гунаҳкор дониста душман мешаванд, вале ин бечораҳо баъди марги Хуршед бо ман меҳрубонтар шуданд. Ман қасри хушбахтии худро бо дастони худам вайрон кардам, ишқу ҳавасу орзуҳои ҷавониамро бо дастони худам куштам! Мани эркаю аҳмақ акнун парандаи озодам, вале марг ба чунин озодӣ!

Шукрона

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД