Шабнами Сурайё дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда, навори сурудхониашро дар саҳифаи шахсияш дар инстаграм нашр кардааст.
Овозхони саршиноси тоҷик дар назди мухлисонаш бештар сурудҳои халқиро иҷро кардааст ва ҳунарнамоии ӯ чуноне аз наворҳо дида мешавад, мардуми Ӯзбекистонро ба ваҷд оварда, диқаташонро ба худ ҷалб кардааст.
Овозхон дар зери навор аз меҳмоннавозии мардуми Самарқанд қайд карда, ба Ӯзбекистон ва мардуми қадршиносаш изҳори сипос намудааст ва ҳамчунин гуфтааст: "Ман Ӯзбекистонро дӯст медорам. Сипос барои меҳмоннавозӣ", - навиштааст Шабнам.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна мухлисонаш дар гирди Шабнам ҷамъ омадаанд ва ҳунарнамоии ин зебосанами хушовозро ба сараш пулборон мекунанд!
Ногуфта намонад, моҳе қабл низ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба сари Шабнами Сурайё доллар рехта буданд.
Дар навори дигаре, ки Шабнами Сурайё нашр кардааст, примадоннаи саҳнаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова намудор мешавад, вале навори ҳунарнамоии ӯ дар саҳифаи Шабнам нашр нашудааст.