Писарчаи 7-солаам дарунрав шудааст. Аз сабаби он ки боз ду кӯдаки хурдсол дорам, наметавонам ҳамроҳаш дар беморхона хобида табобат бигирам. Чанд хел доруҳои зидди исҳол дода истодаем, вале фоидаашро ҳис накарда истодаам. Мегӯянд, ки пӯсти анор аҷали шикамрав аст, вале тарзи истифодаашро намедонам. Барои ҳамин муроҷиат намудам, ки аз табиби машҳур Садриддиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат пурсам.
ИДИМОҲ, аз ш. Турсунзода
Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
- Пӯсти анор дар ҳақиқат дар табобати шикамрав давои бемисл аст. Тайёр карданаш чандон душвор нест. Пӯсти як дона анорро майда карда дар як литр об ҳамагӣ 20 дақиқа ҷӯшонед. Моеи ҳосилшударо дар давоми рӯз кам-кам ба духтарчаатон нӯшонед. Ман ба шумо боз чанд давои дигарро тавсия медиҳам, ки барои манъи дарунравӣ кӯмак мерасонанд.
Аз йод истифода баред
Дар 1 қошуқча шири нав ҷӯшида 1-2 қатра йод андохта ба кӯдаки шикамдард диҳед, исҳолро дарҳол манъ мекунад.
Даво аз пӯсти булут
Пӯсти дарахти булут (кора дуба)-ро ҷӯшонда, 1-2 қошуқӣ дар як рӯз чанд маротиба ба кӯдаки шикамрав диҳед ва ҳуқна (клизма) кунед. Ин амалро 3-4 рӯз давом диҳед, аз дарунравии шадид, ҳатто аз шикамдарди пардаи луобӣ дошта низ ягон ному нишон намемонад.