Ман мухлиси ашаддии филмҳои ҳиндӣ ва ҳунармандони ҳинд ҳастам. Хусусан филму таронаҳоеро, ки бо иштироки Приянка Чопра сабт мегарданд, бо камоли майл тамошо мекунаму лаззат мебарам.
Вақтҳои охир дар шабакаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ Приянкаро бо як ҷавони аз худаш ҷавонтар бисёр мебинам. Мегӯянд, ки ҳамон ҷавон шавҳараш будааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Приянка шавҳари ҷавонашро хеле эрка мекардааст. Ин гапҳо рост бошанд?
Зарнигор, ш. Ваҳдат.
Посух
Приянка Чопра ва Ник Ҷонас яке аз ҷуфтҳои дӯстдоштатарини ситораҳо дар миёни мухлисони филмҳои Болливуд ва Голливуд ба шумор мераванд. Миллионҳо мухлисон аз муҳаббату зиндагии чун асал ширини ин ҷуфти зебо ба ваҷд меоянд. Приянка Чопраи 39-сола, ситораи Болливуд ва сарояндаи 29-солаи амрикоӣ Ник Ҷонас соли 2018 издивоҷ намуда, ҳоло соҳиби як духтарча ҳастанд, ки тавассути модари “сурогат” ба дунё омадааст. Дар мавриди шавҳарашро эрка кардани Приянка Чопра мухлисонаш мегӯянд, ки ситораи Болливуд зани бениҳоят зебо ва ғамхор асту душманони зиёд дорад. Приянка аз шавҳараш 10 сол калон бошад ҳам, ба назар духтари 20-соларо мемонад.