Баъди итмоми дарсҳо Малак саросема ба хона рафтани буд, ки боз Мироншоҳ аз пеши роҳаш баромада гуфт:
- Малак, пагоҳ хостгорон ба хонаатон мераванд, илтимос, не нагӯй!
-Ин масъаларо ман ҳал намекунам. Модарам чизе, ки гӯянд, ҳамон мешавад, - бо қатъият гуфт Малак.
- Оббо духтараки очае! Модарат розигии туро мепурсад-ку, ҳамон вақт ман розӣ гӯй. Ё туро маҷбуран ба халта андохта ба домод мефиристад?! - Шӯхиомез гуфт Мироншоҳ.
Малакро аз ин мисоли ҷавон ханда гирифт ва табассум карда:
-Агар очаам ҳа гӯяд, ман розӣ- гуфт ва дар ҳоле, ки аз шарм лола барин сурх шуда буд, рӯяшро гардонда, сарсема аз ҷавон дур шуд.
Хурсандии Мироншоҳ ҳадду канор надошт ва гӯё якбра болу пар бароварда бошад, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид...
Духтарак имрӯз бо хушҳолӣ ва табассуми ба худаш хос ба хона даромад, вале аз остонаи дар қадам ба дарун гузоштан барбар модараш, ки сарашро бо рӯймол маҳкам баста буд ба Малак нигариста гуфт:
-Ту дар шаҳр чи корҳо карда гаштаӣ?!
Малак аз оҳанги гуфтори модараш ба ваҳм афтода пурсид:
-Ман чӣ кор кардам, ки ин қадар асабонӣ ҳастед?
-Бо кадом як ҷавон мегаштаӣ! Ҷобир ба хонаамон омада дар бораи ту чӣ гапҳое, ки нагуфт. Духтар, агар фаҳмӣ, ки Қумрихола дар бораат чӣ овозаву дарвоза паҳн карда истдааст, ҳуш аз сарат мепарад. Авусуни Насиба намегуфт ба суханони ӯ бовар намекардам, вале...
- Модарҷон, ман бо ҳеҷ кас нагаштаам. - Бо овози ларзон аз нав такрор кард Малак.
-Боз шарм надошта “модарҷон, ман бо ҳеҷ кас нагаштаам” мегӯяде...
-Авусуни Насиба чиро дидааст? Бо кӣ гашта будаам?-паст намад Малак.
-Вай Ҷобир бо ҷавоне даст ба гиребон шуданашро дидааст.
-Даст ба гиребон шуданашонро дидаасту Ҷобир чӣ гуна маро зӯран ба мошин савор карданӣ буд, инашро надидааст?! –аз алам қариб гиря карда гуфт Малак.
Ин дам падараш ба хона даромад ва авзоъи Малаакро дида, ташвишомез пурсид:
-Росташро гӯй, чи ҳодиса шуд духтарам? Ҷобир бо ту чӣ кор кард?
-Аз ин суоли падараш аламҳои дили духтар дубора рӯ заданд ва Малак ҳиққосзанон ба гиристан даромад.
-Гап зан духтарам, вай нохалаф чӣ гуфт ба ту? Ман то хуни ҷигарашро аз даҳону бинии ин Ҷобири ифлос набарорам, намемонам,-сари духтарашро сила намуд падар.
-Ҷавони дигар кӣ буд - ба гап ҳамроҳ шуд Султона.
-Эй ин қадар ба ҳамон ҷавон часпидед. Бародари Афрӯза- Мироншоҳ буд. Вай маро аз чанголи Ҷобир халос кард.
- Вай бо ту чӣ кор дошт?
- Эй занак, бас кун!-Дод зад Маҳмуд ба сари Султона. Духтарам, ту ором шав, ман ҳозир даҳону бинии вай аблаҳро медаронам.
-Наравед падарҷон. Дастатонро бо хуни он номард олуда накунед,-зорӣ кард духтарак.
Султона ба Малак ишора кард, ки ба хона дарояд ва худаш Маҳмудро ором кард.
Баъди андак Султона ба хонаи Малак даромада пурсид:
- Чӣ кор мекунӣ духтарам?
- Дарс хонда истодаам.
-Дурӯғ ҳам гуфта наметавонӣ... Биё духтарам, корҳоятро як тараф гузор. Як модару духтар сӯҳбат кунем. Канӣ ба ман гӯй, Мироншоҳ аз куҷо пайдо шуд?
- Намедонам.
-Духтарам,моту бегона нестем, бо ман кушоду равшан гап зан. Ҳамон рӯзе, ки ба зодрӯзат омад, ҳис карда будам, ки ин бача чӣ дарде дорад. Гап зан духтарам, чӣ шуд...
-Ӯ ба ман хостгор фиристоданӣ. Борҳо занг зад, вале ман телефонашро набардоштам. Барои ҳамин ба донишгоҳ рафтааст, то хабари хостгор фиристоданашро расонад. Маҷбуран маро ба мошин шинонидани Ҷобирро дида, вай бо Ҷобир даст ба гиребон шуд.
-Кори хуб нашуд. Ба Қумрихолаву Воҳид барои гап кардан айни муддао шуд.
- Маро бубахшед, модарҷон!
-Чаро бахшиш мепурсӣ. Барои ин рафтори онҳо ман туро маҳз ба Мироншоҳ ба шавҳар медиҳам.
-Модар...-Малак аз шарм суп-сурх шуда, баромада рафтани шуд, вале Султона аз қафои духтараш нигариста “дигарҳоро мегуфтам, намедонам мегуфтӣ, Мироншоҳро гӯям, хомӯш истодӣ. Аз ин бармеояд, ки дили ту ҳам ба вай кашол будааст” гӯён, хандид...
ххххх
Малак ҳамоно дар фикри Мироншоҳ буд, зеро ӯ Мироншоҳро аз наздик намешинохт. Афрӯза дугонааш бшад ҳам, чи хео одамудани бародари ӯро намедонист...
Малак бо ҳазор фикру хаёл сар ба болини хоб ниҳод...
ххххх
Саҳар барвақт аз хоб хеста аз паси кору бори хона шуд, зеро хоҳараш Зӯҳро ба меҳмонӣ омада буд ва модараш бо ӯ сӯҳбат карда менишаст.
Онҳо аз Малак хостанд, ки барояш манту пазад.
ххххх
Баъди андак садои занги дарвоза баланд шуд. Малак, ки медонист барояш хостгор меяд, дарро накушод. Хҳараш Зӯҳро баромада хостгоронро пешвоз гирифт, сипас омада аз Малак пурсид:
- Малак, инҳо хостгорони кӣ?
- Намедонам апаҷон, - сарашро набардошта ҷавоб дод Малак.
-Малак, ту асло гапи дурӯғ назан, майлаш. Вақте ки дурӯғ мегӯӣ, аз баногӯшат сар карда то пешонаат сурх мешавад,-гуфт бо табассум Зӯҳро.
-Апаҷон, хубаш модарамро бинед. Равед.
- Майлаш, хоҳӣ- нахоҳӣ мефаҳмам-ку!
- Дар ин миён хостгорон змёфатро хӯрда рафтанд ва Султона ҳамроҳи Зӯҳро омада ба Малак гуфтанд:
-Хонаи Мироншоҳ дур будааст, туро ба вай намедиҳем... Малак гӯё тир хӯрда бошад, аз ҷояш як қад парид, вале зуд худашро ба даст гирифта, боз ба кораш давом дод. Зӯҳро ба сӯйи мдараш чашмак зада гуфт:
- Модарҷон, ҷавони хуб будааст. Ба ҳамон диҳед Малакро.
-Малак, агар ҳа гӯяд, ду-се нафарро пурсуҷӯ карда чи гуна инсн буданашонро мефаҳмему баъд фотиҳа мекунем. Малак, ту чӣ мегӯйӣ.
- Ман чун ҳар вақта мегӯям, ки Шумо худатон медонед.
-Ҳар дафъа мегуфтӣ, ки аввал донишгоҳро хатм кунам, ин, вай, хуллас гапҳои зиётӣ. Аммо ба фикрам ба ин ҷавон розӣ ҳастӣ. Вай хеле бачаи ҳушёр будааст, ки то хона омада буд.
- Модар...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
( Тарҷума аз ӯзбекӣ)