Arzon march 2024
Писармӯҳтоҷ (Қисми 12)
3083

Мироншоҳ фикр мекард, ки бо ҳамин ҳама корҳо ҳал шуданд, зеро Малак аллакай розӣ буданашро гуфта буд, аммо вақте дубора ба духтар занг зад, овози маҳзуни Малак дили ҷавонро беқарор кард.

- Малакҷон, ба ту чӣ шуд? Чаро садоят ин қадар маҳзун?

- Баъди хостгорони шумо боз хостгорон омадаанд.

- Кӣ?!

-Аз деҳаи худамон.

- Модарат чӣ мегӯянд?

-Ҳанӯз ҷавоб надодаанд, лекин ба фикрам ба он кас маъқул афтодааст.

Мироншоҳ аз ин кор дар ғазаб шуд. Ӯ аз масъаларо ин қадар вақт кашол додани духтар сахт ранҷида ба сари Малак дод заданӣ буд, вале бо як азб худашро ба даст гирифта гуфт:

-Малакҷон, маро азоб надеҳ, беҳтараш ба модарат маро интихоб карданатро гӯй.

Малак ҳарфе назада хомӯш меистод, ҷавоб ҳарчанд кӯшиш крада бшад ҳам, духтарак ба суолҳояш дигар посухе надод. Мироншоҳ ноилоҷан гӯширо хомӯш кард.

Аллакай ниҳоди ишқи Мироншоҳ дар қалби Малак реша давонда буд, вале ошкоро ба модараш бародари дугонаашро дӯст доштанашро гуфта наметавонист...

ххххх

Мироншоҳ аз ғазаб деворро бо муштонаш мезад. Ӯ саҳарӣ барвақт ба донишгоҳ рафта, мунтазири Малак шуд.

Афрӯза бародарашро дар донишгоҳ дида, ҳайратомез пурсид:

- Э ҳамин ҷо меомадед, маро ҳам ҳамроҳ биёред намешуд?

- Э ту даматро гир! Аз ӯҳдаи як кор баромада натавонистӣ. Дар умрам як маротиба ба ту кор фармудаму...

- Чӣ гап шуд? Чӣ кор кардам.

- Бало шуд, офат шуд! Рав ба дарсат даро!

-Малак ҳоло дар роҳ аст. Биёяд ҳамроҳи вай меравам.

Малак қариб 20-25 дақиқа баъд ба донишгоҳ расид ва Мироншоҳро дида, гунаҳкорони сар хам кард.

- Малак ба мошин шин! Ба ту гап дорам. Ваъда медиҳам, ки баъди ин дигар туро безота намекунам. Бигзр он тарафашро модарат ҳал кунад!

ххххх

Мироншоҳ Малакро савор карда мошинро мисли бод тезнда рафт. Духтарак аз ин рафтори Мироншоҳ тарсида, пурсид:

- Ба куҷо меравем?

-Ба ҷойи номаълум. Натарс, ман туро намехӯрам!

Мироншоҳ дигар ба саволҳои Малак ҷавоб надода, мошинро дар як гӯша манъ кард.

-Чаро падару модарат маро пурсуков мекунам, гуфта дигар ҷавонро интихоб карданиянд? Малак, телефонатро ба ман деҳ!

- Чӣ кор мекунед?

-Деҳ гуфтам. Маро ба гапи сахт задан маҷбур накун. Аздусар ту ба модарат маро дӯст доштанашро намегӯӣ...

- Малак аз тарс телефонашро ба Мироншоҳ дод.

- Гиря накун Малакҷон, ҳозир ба модарат паёмак мефиристем, тамом.

Мироншоҳ ба модари Малак паёмак ирсол намуд. "Модарҷон ман барои ба акаи Афрӯза ба шавҳар баромадан розӣ ҳастам." Малак инро хонда бшад ҳам, чизе нагуфт, зеро муҳаббати поки Мироншоҳ дар дили духтарак ҷо шуда буд.

ххххх

Баъди муддати мадид тӯйи арӯсии Малак барпо шуд.Султона гулдухтарашро бо либоси сафеди арӯсӣ диду инони худро аз даст дода, гириста фиристод ва гуфт:

-Падарат беҳуда ин қадар писардор шавам намегуфтааст, охир ҳамаатон паси ҳам маро тарк карда рафтед.

-Аз ҳолу аҳволатон хабардор шуда меистам модарҷон,-ваъда дод Малак.

Падараш Маҳмудҷон ҳам, гарчанд ҳангоми ба дунё омадани Малак ду сол рӯйи ӯро надида буд, рӯзи тӯйи духтараш борон гирист ва ба Мироншоҳ ҷиддӣ нигоҳ карда, гуфт:

- Ман духтарамро ба шумо амонат медиҳам. Чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунед. Фаромӯш накунед, барои духтарам як гӯшаи хонаву қалбам ҳамеша холист!

Мироншоҳ “ба ҷону дил” гӯён, минатдрона ба падарарӯсаш нигарист. Домод аз хурсандии зиёд дар осмони ҳафтум буд.

Ҳамин тавр Малак бо хонаи падар хайрбод карда ба остонаи бахт қадам гузошт

ххххх

Нафиса, авсуни Султона ҳам дар тӯйи Малак ашк рехт. Ин зани шаттоҳ, ки доим дили Султонаро бо заҳри забонаш захмӣ мекард, баъди чандин маротиба ҷарроҳӣ шуданаш, хулқу атвораш тағъйир ёфта буд, зеро аз бедухтарӣ ҳангоми беморияш сахт ранҷ бурд. Вай ҳамон вақт дарк кард, ки духтар беҳтарин неъмат будааст. Дар вақти бемории Нафиса хонаҳо хеле ифлос шуда буданд. Боре духтури маҳаллашон барои дидани ӯ омад ва бо дидани аҳволи хона ҷониби писарони Нафиса хандида "ақалан яктоатон духтар шавед намешуд" гуфта монд.

- Ҳаминро гӯед духтурҷон, ҷойи духтар дигар будааст,-оҳи сард кашид Нафиса.

-Хайр, келин гиред,-маслиҳат дод духтур.

Нафиса ин дам пушаймон буд, ки чаро ақаллан як духтарак таваллуд накардаст. Вақти ҷавониаш “ман худам кори даҳ духтарро мекунам” гӯён, дағдаға мекард, вале вақте бемор шуда, ба бистар афтид, ба нигоҳубини духтар мӯҳтоҷ гашта, дарк кард, буд, ки бе духтарӣ чӣ қадар душвор будааст. Аҳволи Нафиса рӯз то рӯз бадтар мешуд ва билохира шавҳараш илоҷи дигар наёфта, ӯро дар беморхона хобонд. Вақте ки сиҳат шуда, аз беморхона омад, хонаҳояш топ-тоза рӯфтагӣ ва либосҳои шавҳару бачаҳояш шуставу дарзмолшуда буданд. Нафиса аввал ҳайрон шуд, ки хонаву дарашро кӣ тоза карда бошад, вале вақте фаҳмид, ки духтарҳои ҷаққони Султона манзили ӯро ба тартиб даровардааст, аз хурсандӣ гиря кард, зеро авсунҳо қаҳрӣ буданд ва миннатдорӣ крадан ба духтарони Султона барои оштӣ шудан бо модарашон баҳнаи хубе буд.

Султона тӯли чандин сол бо авсунаш Нафиса гап намезад, зеро суханони заҳрдори вай ҳанӯз аз дилаш нарафта буданд,вале он рӯз “Барака ёбед духтаронам, ҳоло истед дар тӯятон беҳтарин тӯҳфаро худам меорам” гӯён, авсунаш аз дараш даромад ваСултона ҳам кинаи деринаро аз дил берун крада, бо авсунаш штӣ кард...

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД