- Ҳа модарҷон, ҷавони бамаънӣ менамояд, - гуфт Зӯҳро ба гап ҳамроҳ шуда.
-О-оо ту маъниро аз куҷо медонӣ. Худат одоби на он қадар хуб дорӣ.
- Модарҷон!!!
-Чӣ модарҷон?! Хушдоманат медонӣ чӣ мегӯяд? Фотима келини нағз Зӯҳроро ҷавобашро додан лозим.
-Ҳм, агар ман ҳам мисли Фотима хар барин кор кунам, келини таърифи мешавам. Фотимаи мисли канизак хатто либосҳои хоҳаршӯямро мешӯяд. Худаш шӯяд охир, дар гап-ку устухон надорад!
-Туро ҳамин забонад бад. Чанд маротиба гуфтам, ки ба ман аҳли оилаатро бад накун! Ба апаҳоят нигар, як бор ҳам дар бораи хонаводаашон ҳарфи бад намезананд.
- Ҳардуяшон ҳам нодонанд.
-Як туро доно таваллуд кардаам.
-Эээ модарҷон маро монед, беҳтараш дар бораи Малак фикр кунед. Духтари эркаатонро ба Мероншоҳ медиҳед?
- Ростӣ намедонам, падарат канӣ биёянд, ягон гап мешудагист.
хххххх
Малак корҳояшро тамом карда ба хонаи хобаш даромад. Аллакай ба телефонаш аз рақамҳои Афрӯзаву Мироншоҳ даҳҳо зангу паёмак омада буд. Афрӯзта рақамҳои Малакро аз сардори гурӯҳашон гирифта ба акааш додааст.
Духтарак дар дарёи хаёлот ғарқ буд, ки боз аз рақамҳои дугонааш ба телефонаш занг омад.
-Ало, Афрӯза.
-Ин ман Мироншоҳ. Чаро ба зангҳоям ҷавоб намедиҳӣ?
- Телефон дар хона буд, барои ҳамин нафаҳмидаам.
-Падару модарат чӣ гуфтанд? Ягон бӯйи некӣ ҳаст?- Бесаброна пурсид домодшаванда.
-Ҳоло чизе нагуфтаанд. Падарам чизе гӯянд, ҳамон мешавад,- бо қатъият ҷавоб дод духтар.
-Аввал модарам чӣ гӯяд ҳамон мешавад мегуфтӣ, акнун гап - гапи падарам мегӯйӣ?!
-Модарам шуморо надидаанду феълу хӯятонро намедонанд. Падарам бо Шумо сӯҳбат кардаанд, агар ягон равторатон ба падарам маъқул наафтода бошад, розигӣ намедиҳанд.
- Малак, ҷонам, ба ман кӯмак кун! Илтимос, ман розӣ гӯй.
- Чаро ҷон мегӯед, ман ҷонатон нестам,- суп -сурх шуда гуфт Малак ва телефонро хомӯш кард.
Дар қафои дар хоҳараш Зӯҳро истода ба гапҳои Малак гӯш медод.
ххххххх
Бегоҳ Маҳмуд аз омадани хостгорон дарак ёфта ба ҳамсараш гуфт:
-Эй аз дасти ин хостгрҳо ба ҷон расидем-ку, охир духтарат ягонтоашонро интихб кунаду мнад-дия! Ин қадар барои ӯ азоб кашидем. Се духтарро бароварда ин қадар ба фикру хаёл фурӯ нарафта будам. Ба дугоникҳоямон худат домодҳоро интихоб карда будӣ. Ба Малак ҳам худат интихоб кун.
-Ба дугоникҳо он қадар хостгори зиёд наомада буд, он гунае ки ба Малак омад. Боз Малак шумо чизе гӯед, ҳамон мегӯяд. Ягонтоашро маъқул мекард ба ҳамон медодем.
- Медони чӣ, имрӯз боз Воҳид илтимоскунон ба наздам омад. Ҷобир гуфтааст, ки "агар гирам ҳамин духтарро мегирам, вагарна дар ин ҷойҳо сояаамро ҳам намебинед" Ман барои он кори писарат духтарамро асло намедиҳам гӯям, Воҳид ба зорӣ кардан гузашт.
-Ман духтаре надорам, ки ба Ҷобир диҳам,-асабонӣ шуд Султона. - Шумо он рӯзҳоро аз ёдатон баровардед. Ман писар таваллуд кунондам гуфта чӣ қадар такаббур мекард. Ҳар як ҳарфи вай чун захм то ҳол аз дилам нарафтааст. Як бор Воҳид ҳам дарк кунад, гӯяд, ки ҳамин фарзандам чӣ айб дорад...
- Султона ба он рӯзҳо аз ҳама бештар ман гуноҳ доштам.
-Шумо айб доред ё не намедонам, мммо таънаю маломати мардум ҳанӯз аз қалбам зудуда нагаштааст. Алибекро бинед, ин қадар ғурур мекард. Вай мувофиқи аъмолаш ҷазо гирифт. Воҳид ҳам рӯзи таваллуди духтарам борони маломатро ба сарам боронд. Имрӯз акнун зорӣ мекунад, ки ҳамон духтарро ба писараш диҳем.
- Ба гузашта салавот!, Гиреҳи гапи кӯҳнаро боз накун.
- Гапи гузашта?! Агар Муҳаммадалӣ ҳам таваллуд намешуд, ин гап кӯҳна мемонд. Писар таваллуд накард гуфта маро аз қатори одамон берун карданӣ одамон акнун таги дарамонро охурча карда овора нашаванд. Ман духтарамро ба онҳо намедиҳам. Мана, ҳамсояамон Соро келинам сеюм писар таваллуд кард гуфта ҳар бор маро таъна мезад. Ана келинаш ба як писараш хона харид ба ду тои дигараш хонаро тақсим кард, вале ягон келинаш хизмати Сороро намекунад. Ақалан наберааш ҳа бибӣ гӯён аз аҳволаш хабар намегирад.
- Ту ҳоли онҳоро дида шод шудӣ?
- Э ба ман чӣ. Ҳамин хел одамон барои он ки дар кӯча ғайбат кунанд, набераашонр тарбия мекарданд, имрӯз аҳвол ин гуна намешуд.
- Маро чӣ гуфта дуои бад карда будӣ, - абрӯ Чин карда пурсид Маҳмуд.
- Рӯзаш ба ман монад мегуфтам. - Ханда кард Султона.
- Ҳа нағз кардаи. Малакро чӣ кор мекунем!?
- Фикр мекунам дили духтаратон ба ҳамин Мироншоҳ аст. Шумо бо вай гап задед – ку, чӣ хел ҷавон аст?
- Ба фикрам ҷавони хуб аст. Ҳам чаққону кордон менамояд. - Зану шавҳар ба фикр фурӯ рафтанд. Онҳо духтарашонро ба кӣ доданашонро намедонистанд.
Султона духтари калониаш Гулойро ба хона ҷеғ зада бо вай машварат кардан хост, зеро ин духтари чаққон маслиҳатгару машваратчии волидонаш буд.
Гулой "ман худам бо Малак сӯҳбат мекунам" - гуфта ба назди хоҳараш даромад.
- Хоҳарҷон, ин қадар модарамро азоб надода якеро интихоб кун. Ба ҳамон ҷавони шаҳрӣ-Мироншоҳ чӣ мегӯйӣ? Агар барвақттар ягон касро интихоб накунӣ нафароне, ки бахтатро дида наметавонанд ба номад тӯҳмату бӯҳтон мебофанд. Барои ҳамин зудтар фикратро гӯй.
(Давом дорад)