Аз овоза то ҳақиқат
Овозаҳо дар бораи он ки Амир-Хон як марди ҳавасбоз буда, бо занону духтарони зиёде муносибатҳои ошиқона дорад, ҳанӯз аввалҳои солҳои 2000-ум пайдо шуда буданд. Дертар, аниқтараш соли 2005 дар байни мардум миш-миш пайд шуд, ки ситораи машҳури синамои Ҳиндустон Амир-Хон як фарзанди бе никоҳ низ дорад, вале ин сирро пинҳон медорад. Аввалҳо бисёриҳо ба ин овоза бовар накарда, инро бофтаи душманони ин марди машҳур медонистанд ва иддао мекарданд, ки бо ҳамин роҳ рақибонаш обрӯи Амир-Хонро ба хоки сияҳ яксон кардан мехоҳанд, аммо тавре мегӯянд, то шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад. Дертар маълум шуд, ки Амир-Хон чандон моҳи бе айб нест ва дар ҳақиқат як писари баҷоӣ дорад, аммо касе намедонист, ки модари писарак кист ва чи тавр бо ин ситораи сатҳи ҷаҳонӣ во хӯрда, паймони ишқу муҳаббат бастааст.
Хабаре, ки Болливудро такон дод
Пайдо шудани хабари дақиқ дар бораи зани пиншҳонӣ ва писари баҷоии Амир-Хон дар маҷаллаи Stardust мисли раъду барқ дар чиллаи тобистон якбора пайдо шуда, тамоми Болливудро такон дод. Маълум гашт, ки писари Амир-Хон на дар ҳиндустон, балки дар Аврупо, аниқтараш дар шаҳри Лондон ба дунё омада, Ҷон ном дорад. Маҷаллаи Stardust аксҳои ин писаракро, ки мисли як себи дукафон ба Амир-Хон монанд аст, чоп карда, таърихи ба дунё омадани кӯдакро аз забони модараш нақл карда буд, аз ҳаимн хотир дигар касе шак карда наметавонист, ки ин ситораи дурахӯшони Болливуд дар ҳақиқат бачаи пинҳонӣ ҳам доштааст.
Кӣ гунаҳкор: Амир-Хон ё модари писараш?
Аввалҳо бисёриҳо ба Амир-Хон лаънат мехонданд, ки гул барин занро бо тифли кӯчак дар нимарҳои зиндагӣ зору ҳайрон монда, ҳатто як бор ҳам аз ҳоли писараш партофта, аз ҳолаш хабар нагирифтааст, аммо баъдтар маълум шуд, ки дар асл худи зан ҳомиладориашро пинҳон кардаасту ин ситораи Ҳинд ҳатто аз писар доштанаш дар Лондон хабар надорад. Чаро чунни шуд ва чи тавр
Амир-Хон аз мавҷудияти писараш бехабар монд?
Ишқи журналистка ва ситораи синамо
Ҷессика Хайнс-модари бачаи баҷоии Амир-Хон иқрор шудааст, ки вай бо ин ситораи синамои Ҳинд соли 1998 ҳангоми банаворгирии филми машҳури “Непокорившийся судьбе” (Ghulam ) ошно шуда буд. Аввалҳо танҳо муносибатҳои корӣ доштанд, Ҷесика бояд дар бораи филми нави Амир-Хон менавишт ва барои ҷамъ овардани мавод барои мақола тез-тез бо ин ҳунарманди машҳур вохӯрда, ҳамроҳаш сатҳо сӯҳбат мекард, аммо баъд тири нигоҳи Амир-Хон ба дилаш чунон асар кард, ки чи тавр асири доми ишқи Амир гаштанашро худаш ҳам нафаҳмида монд. Онҳо вақташонро хуш мегузаронданд ва Ҷесика барои ҳар як лаҳзаи бо Амир-Хон буданаш худоро сад бор шукр мегуфт. Вай хуб медонист, ки ин мард зану фарзанд дорад, аммо дили ошиқаш танҳо “Амир-Хон” гуфта, ба садои ақлаш гӯш намекард. Ақли Ҷесика танҳовақте ба сараш зад, ки аз Амир-Хон ҳомила шуд. Вай ин мардро хуб мешинохт ва медонист, ки агар Амир-Хон ҳомила шуданашро фаҳмад, аз ҳамсараш ҷудо шуда, ӯро ба занӣ мегирад, зеро ғурури мардиаш иҷозат нахоҳад дод, ки духтареро ҳомила карда, баъд дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор монад ва “мебахшӣ, ман аллакай оиладорам” гӯён, дар пушти зану фарзандаш пинҳон шавад. Каси дигар мебуд, шояд ҳомиладориашро чун шанси беҳтарин барои ба чанг овардани марди дӯстдоштааш истифода мебурд, вале Ҷесика, ки худ журналист буд, намехост боиси вайрн шудани оилаи Амир-Хон ва ятим гаштани фарзандони ӯ гардад, аз ҳамин сабаб ғам дар дилу ашки алам дар дила, сирри ҳомиладориашро аз падари фарзандаш пинҳон дошта, якбора аз шаҳри пуровозаи Бомбей ва аз ҳаёти ситораи тобони Болливуд Амир-Хон ғайб зад. Вай аз худ на ягон суроға гузошт ва на номае, ки бо воситаи он Амир-Хон маҳбубаашро пайдо карда тавонад...
Ба ҳаёти писари ман дахолат накунед!
Ҷессика баъди чанд моҳи аз Бомбей рафтанаш дар Лондон писар таваллуд карда, номашро Ҷон гузошт. Дар сӯҳбат бо журналистон зан иқрор шудааст, ки ба фарзанди ситораи дурахшони Болливуд будани писарашро сад дарсад кафолат медиҳад ва агар Амир-Хон ба писари ӯ будани Ҷон ҳатто як зарра шубҳа дошта бошад, метавонанд барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ҳарду аз ташхиси тести ДНК гузаранд, вале баъди он ки мақолаи пурсару садо дар бораи писари баҷойи доштани Амир-Хон нашр шуд, натанҳо Болливуд ва ҳиндустон, балки худи Ҷесика Хайнс низ сахт ба ғазаб омад. Журнилистка ҳамаи гуноҳро ба гардани ҳамкасбонаш а Stardust бор карда, гуфтааст, ки дар ҳақиқат вай дар бораи писари Амир-Хон будани фазандаш ба онҳо гуфта буд, вале ин сирро ба хотири ҳангомасозӣ фош накардааст.
“Хабарнигорони Stardust бо баҳонаи дигар ба хонаи ман омада буданд ва ҳамту дар омади гап даир бораи писарам пурсиданд. Мани сода онҳоро дӯст гумон карда, иқрор шудам, ки Ҷон писари ситораи дурахшони Болливуд Амир-Хон аст ва қиссаи ошиқиамонро нақл кардам, аммо таъкид карда будам, ки инро нанависанд, зеро сирри зиндагии ман аст. Ман сад дар сад кафолат медиҳам, ки Ҷон писари Амир-Хон аст, агар Амир ба ин ҳатто заррае ҳам шубҳа дошта бошад, метавонад тести ДНК гузаронида, ҳақиқатро барои худ равшан созад. Ман аввалан аз Худованд ва баъдан аз Амир-Хон миннатдорам, ки бароям чунин шҳписари нозанинро ҳадя кардааст, вале аз ӯ ҳамчун мард чизе намехоҳам. Ҷон писари ман аст ва ман ба аз ӯҳдаи тарбияи ӯ а хубӣ мебароям. Илтимос, ба ҳаёти фарзанди ман дахлат накунед ва моро ба ҳоли худамон монед”-навиштааст Ҷесика Хайнс дар ҷавоб ба мақолаи Stardust ва ҳангомаву сару садоҳо дар боби писари баҷоии Амир-Хон.
Бар рағми тақдири номард
Соли 2007 бар рағми тақдири номард Ҷесика ба бизнесмени англис Уильям Тальбот ба шавҳар баромад. Ин марди сарватманд Ҷонро мисли фарзанди худаш дӯст дошта, барои ӯ чизеро дареғ намедошт. Пас аз чанд вақт Ҷесика аз шавҳараш бз як духтарча таваллуд кард, ки исмашро Талула гузоштанд.
Дертар Ҷессика Хайнс хотираҳояшро дар бораи Болливудҷамъоварӣ намуда, дар бораи Амитабх Бачан китоби олиҷанобе навишт. Журналистка иброз дштааст, ки мехост дар боби ҳаёти Шҳрух-Хон низ як китоб нависад, вале бисёриҳ дар ин хусус навиштаанд ва намехоҳад гуфтаҳои дигарнро такрор намояд. Ҷесика ҳеҷ гоҳ дар браи Амир-Хон ягон сухани сахт ва таҳқиромез намегӯяд, вале дар китобҳояш умуман номи ӯро намеорад.
Дар ҷавоби саволи журналистон дар боби он ки мабодо рӯзе писараш сабаби аз падари ӯ ҷудо шуданашро пурсад, чӣ мегӯяд, Ҷесика чунин гуфтааст: “Мегӯям, ки падарат маро дӯст намедошт, ин ман будам, ки ӯро дӯст медоштам!”
Аз ҷавобаш маълум аст, ки ишқи Амир-Хон дар дили ҳасос ва нозуки ин зани қаламкаш ҳамчун як захми носур боқӣ монда, ҳатто гузашти солиёни зиёд ҳам ба дардаш даво нагаштааст...
Ҷон роҳи падарашро идома медиҳад?
Ҷон ҳар қадар калонтар шавда, ҳамн андоза генҳои падариаш дар ӯ бештар аён гашта, фарзанди як ҳунарманди асил буданаш исбот мешавад. Писарак мисли ду қатра оби азяк чашма гирифташуда ба Амир-Хон монанд аст. Бидуни кӯмаки касе ва бе ёрии падари ситорааш Ҷон тавонист ба олаим шу-бизнес рҳ ёбад. Аксҳои ин ҷавони зебо дар саҳифаҳои маҷаллаҳои мӯд тез-тез пайдо мешаванд. Аксҳои Ҷон дар салиқаи «Ретрои мӯд” гирифта шуда, ин ҷавони зебо ба чеҳраи чанд ширкати номдор табдил ёфтааст. Ҷон фаъолияти худро ба сифати модел сар карда бошад ҳам, орзу дорад, ки дар оянда актёр шавад. Аҷаб нест, ки рӯзе дар экрани калони синамо ситораи дурахшони бо исми Ҷон пайдо мешавад, ки дар рагҳояш хуни ситораи тобноки Болливуд Амир-Хон ҷӯш мезанад...
Ф. Сатторӣ