Arzon march 2024
Печен бо зардолу
20.05.2023
ОИЛА
662

 

Хонумҳои азиз! Ин шабу рӯзҳо меваю сабзавот дар бозорҳо фаровон аст. Аз фурсат истифода бурда, бо тайёр кардани шириниҳои хушмазза бо меваҳои гуногун аҳли оилаи худро шод гардонед. Имрӯз мо тарзи пухтани як навъ шириниро бо зардолу ба шумо меомӯзем.

Маҳсулоти лозима:

  • зардолуи нима
  • 100 г равғани маска
  • 6 қошуқ шакар
  • 1 тухм
  • 1 қошуқ шир
  • 250 г орд
  • 180 г шакари кўфта
  • 3 қошуқ шарбати лимў

 

Тарзи таҳия:

Равғани маскаро мулоим карда, бо шакар (бо истифода аз миксер) лат зада истода тухму ширро илова кунед ва баъдан орди бехтаро андохта хамири мулоим шўред. Болои мизи каме орд пошидашуда хамирро ғафсияш 5 мм тунук карда, бо истакон ё қолаб доирачаи дарозияш 6 сантиметр буред.

Тафдонро то 180 дарава тасфонеду ба лаълии тафдон равған молида коғази пергамент тунук кунед. Қандинаҳоро дар лаълї чида 10-12 дақиқа пазед ва 25 дақиқа хунук кунонед. Шакари кўфтаро бо шарбати лимў омехта, ба ҳар як қандина моледу ба мобайни ҳар кадомаш нимаҳои зардолуро гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД