Formula novemver 2024
Парвонаи Тоҷиддин оши як ба як мепазад
17.02.2024
Рустам
669

Оши палов имрӯзҳо дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои олам хӯроки дӯстдоштатарин ба шумор меравад ва маъмулан сокинони ҳамаи ин кишварҳо даъво доранд, ки ватани оши палов сарзамини онҳост.

Перомуни ин масъала ба ҳикмати халқ такя карда мегӯем, ки ватани палов ҳамон ҷоест, ки паловхӯрон ҳастанд, зодгоҳи палов бошад, сарзамини ориёиёну суғдиён аст. Азбаски ҳар ҳафта дар саҳифаи “Ошхонаи “Оила” сарояндагону чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҳунари ошпазии худро нишон медиҳанд, ҳафтаи равон тасмим гирифтем, ки аз ҳунари ошпазии бонуи ҳунар, сарояндаи маҳбубу шинохта Парвонаи Тоҷиддин бохабар гардем.

-Парвонабону, шуморо ба ошхонаамон хайрамақдам мегӯем!

Ташаккур. Сарбаланд бошед. Сарфарозам, ки дар меҳмонии «Оила» қарор дорам.

-Қариб тамоми сарояндагон хеле серкору серташвиш ҳастанд, хусусан бонувон, ки масъулияти кору зиндагӣ бар дӯшашон бор аст. Шумо барои ба ошхона сар халондан вақт меёбед?

-Ҳар як бону, новобаста аз касбу кор ва мақому мартабааш бояд аз уҳдаи пухтани таом барояд. Хусусан бонувони тоҷик, ки хеле заҳматкашу боистеъдод ҳастанд, баробари ошпазҳои тарабхонаҳо хӯрок пухта метавонанд. Пухтупаз шуғли дӯстдоштаи ман аст, ҳар вақте имкон ёфтам, ҳатман ягон хӯроки болаззат ё ширинӣ мепазам.
-Хӯроки дӯстдоштаатон кадом аст?/

-Оши палов, манту ва дигар хӯрокҳои миллиамон.

-Сарояндаҳо барои ширинтар шудани садояшон асал, тухм, қаймоқ барин ғизоҳоро истеъмол мекунанд...?

-Шукр, садои худодод дорам.

-Парҳез ҳам намекунед?
- Қариб ҳар рӯз тӯю маърака дорем, аз ҳамин хотир, аз хӯрдани ғизоҳое, ки миҷозашон сард аст, худдорӣ мекунам.

-Имрӯз кадом хӯрокро барои мухлисонатон таҳия менамоед?

-Оши як ба яки хуҷандӣ мепазем.

-Марҳамат, ошхонаи мо дар ихтиёратон!

-Барои пухтани оши як ба як маҳсулоти мазкур зарур аст.
Равған 0. 5литр, гӯшт 500 гр, биринҷ 500 гр, 6 сабзӣ, пиёз 2 дона, нахӯд як истакон, мурчу зира, мувофиқи табъ.

Тарзи таҳия:

Аввалан гӯштро майда реза карда, дар равған мезирбонему баъд ба дег пиёз меандозем. Пас аз сурх шудани пиёз сабзиро андохта, дегро мекобем. Биринҷу нахӯдро баъди зирбондани сабзӣ ба дег андохта, ду- се бор мекобем ва сипас об мерезем. Об бояд биринҷро пӯшонад. Мурчу зираро баъди хушк шудани оби биринҷ пошида, ошро дам мепартоем. 30 дақиқа пас оши як ба як тайёр мешавад. Иштиҳои том!

Суҳбаторо: Рустам

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД