arzon replenishment
Парвиз ба 8 соли зиндон маҳкум гашт, Азиза Давлатоваро чӣ интизор аст?
1909

Парвиз ба 8 соли зиндон маҳкум гашт,
Азиза Давлатоваро чӣ интизор аст?
Суди Олии Тоҷикистон ниҳоят баррасии парвандаи пурсару садои ҳамсарон Азиза Давлатова ва Парвиз Давлатовро ба анҷом расонид. Парвиз (Лутфулло) Давлатов бо се моддаи Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон-моддаи 117, қисми 2, банди «в» (азобу шиканҷа додани шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ ва ё вобастагии иқтисодӣ аз озордиҳанда қарор дорад), моддаи 109 (расонидан то ба худкушӣ) ва моддаи 170 (дузанагӣ) ба 8 соли зиндон маҳкум гаштааст. Тибқи “Қонуни авф” аз се як ҳиссаи мӯҳлати ҷазо кам карда шуда, Парвиз Давлатов 5 солу 4 моҳи умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард, вале гунаҳкори асосии ин фоҷиа -ҳамсари Парвиз-Азиза Давлатоваро чӣ интизор аст?
Азиза Давлатова бо ду моддаи Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон дар сӯиқасд ба куштор муттаҳам дониста шудааст, вале суд ҳанӯз ҳукми ин занро содир накардааст.
Ёдрас мешавем, ки қазияи ҳамсарон Азизаю Парвиз Давлатов ва Мадина Мамадҷонова ҳанӯз аввалҳои моҳи октябр расонаӣ гашта буд. Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз Давлатов, яке аз роҳбарони ширкати бонуфузии мобилии Мегафон-Тоҷикистон, 25 августи соли равон аз ҳиссиёти рашк ҳамкор ва зани дуюми шавҳараш Мадина Мамадҷоноваро зӯран ба мошин бор карда, ба самти номаълум мебарад ва чунон бераҳмона лату кӯб мекунад, ки майнаи сари ҷавонзан сахт зарб хӯрда, ба ҳолати кома меафтад.
Мадинаро баъди 14 соати бе ному нишон ғайб зуданаш дар ҳоле ба бемористон расонданд, ки байни маргу зиндагӣ қарор дошт. Аз байн чаҳор моҳ гузашта бошад ҳам, ҷавонзан то ҳол ба худ наомадааст ва табибон мегӯяд дар ҳолати зинда мондан низ Мадина якумра маҷрӯҳ мегардад.
Ин ҳодиса ҳанӯз моҳи август рӯй дода бошад ҳам, Азиза Давлатова аз ҷавобгарӣ эмин монда буд, вале баъди он ки қазияи Мадина расонаӣ гашт, ҷомеа ба по бархоста, фаъолони ҷамъиятӣ музоҷоти ин зани бераҳмро тақозо намуданд. Мири шаҳри Душанбе ба сарнавишти Мадина Мамадҷонова бе тараф намонда, парвандаро зери назорати шахсии худ гирифт ва ҳамин тавр ях об шуда, санаи 31-октябр ҳамсарон Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова боздошт шуданд.
Парвиз Давлатов асосан бар асоси шикояти зани якумаш Азиза Давлатова боздошт шуда, аз ҷониби суд ба 8 соли зиндон маҳкум гаштааст. Суд Парвизро дар озору шиканҷа додани ҳамсари қонуниаш гунаҳкор медонад. Азиза Давлатова аз он шиква кардааст, ки шавҳараш Парвиз (Лутфулл) Давлатов ӯро пайваста ранҷу озори рӯҳӣ медод ва аз ҷабри шавҳар ҳатто ду маротиба қасди худкушӣ кардааст.
Бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон тибқи қонун манъ бошад ҳам, шумора мардони дузанаю сезана торафт меафзояд. Аксари мардоне, ки мансаб, пулу мол ва давлату сарват доранд, бо як зани қаноат накарда дар болои зани якумашон зани дигари нисбатан ҷавонтар мегиранд. Рашку ҳасад боиси носозгорӣ ва ҷангу ҷидолҳои зиёди оилавӣ дар хонадони мардони дузана гашта, баъзан ҷанҷолу моҷарои зани якуму зани дуюм бо фоҷиа анҷом меёбад.
Қазияи Парвиз, Азиза ва Мадина аз ҳамин қабил моҷароҳо буда, рӯзҳои наздик суд ҳукми зани якуми Парвиз Давлатов-Азиза Давлатоваро, ки дар суиқасд ба куштори зани дуюми шавҳараш Мадина Мамадҷонова муттаҳам дониста шудааст, содир хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД