Зарарнок будани сигоркашӣ ба саломатии инсон ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳоло доир ба фоидаи даст кашидан аз ин одати бад чанд далел манзур мекунем, то охирин шубҳаи сигоркашҳо рафъ гардад ва онҳо ба фикри барқарорсозии саломатии хеш шаванд.
1. Нахустин дигаргунӣ аз қатъи сигоркашӣ аллакай пас аз 20 дақиқа ба амал меояд: гардиши хун беҳтар гашта, ҳассосияти ангуштони дасту по зиёд мешавад.
2. Баъди 8 соат миқдори оксиди карбон коҳиш меёбад, яъне дараҷаи оксиген дар хуни шумо аз нав ба эътидол меояд.
3. Пас аз ду рӯзи сигор накашидан организм аз никотин тоза мешавад. Дар баробари ин, эҳтиёт бояд шуд, ки бо пурра аз организм баромадани никотин хоҳиши сигоркашӣ меафзояд.
4. Баъд аз ду рӯзи тарки сигор ретсепторҳои тамъ боз муътадил кор хоҳанд кард.