Чашмам рӯзҳои охир тез-тез мепарад. Модарам мегӯянд, ки эҳтиёт шав, паридани чашм хосияти хуб надорад.
Чашми инсон парад, ба сараш ягон фалокат ё нохушӣ меояд. Ин гуфтаҳо аз нигоҳи тиббӣ ягон асос доранд ё не? Аслан чаро баъзан чашми инсон мепарад? Ин нишонаи ягон беморӣ аст?
Фараҳноз, сокини шаҳри Душанбе.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз! Касоне, ки аз илми тиб тамоман бехабар ҳастанд, паридани чашмро фоли бад дониста, бо сар задани ягон ҳодисаи нохуш рабт медиҳанд. Дар байни мардум натанҳо дар бораи паридани чашм, балки ҳолатҳои дигари табиии ҷисми инсон низ чунин андешаҳои ғалат хеле зиёданд, масалан мегӯянд, ки агар гўш хорад, хабари фарзанд таваллуд намудани занеро мешунавӣ, пеши поят сих занад, ба хона меҳмон меояд ва ғайра. "Нагуфта будам, ки гўшам мехорад, ана фалонӣ соҳиби фарзанд шудааст" ҳангома карда мегӯянд баъзе занҳои калонсол ба ҷавонон, вале дар асл ин тавр нест. Нодуруст будани ин ақидаҳоро илми тиб кайҳо собит намудааст. Паридани чашм, хоридани гӯшу бинӣ, сих задани пойи шахс ва дигар ҳолатҳое, ки баъзан бо инсон рӯй медиҳанд, ба асаб ва барангезиши мушакҳо дар ҷисм алоқамандӣ доранд. Бештар дар ҳолатҳое, ки шахс асабонӣ мешавад ё сахт ба қаҳру ғазаб меояд, чашмаш мепарад, пеши пояш сих мезанад ё гӯшаш мехорад. Ин на беморӣ аст, на фоли бад, балки танҳо як ҳолати табии ҷисми инсон буда, ниёзе ба воҳима кардан ё табобат намудан надорад