Commerc banl
Пагоҳ дар Душанбе 114-солагии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад
10.03.2026
Oila.tj
22

Вазорати фарҳанги кишвар хабар дод, ки пагоҳ, 11-уми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинӣ доир мегардад.

Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб таҷлил карда мешавад. Он ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11-уми марти соли 1912 интишор ёфта, буд, иртибот дорад.

Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвонҳои «Аълочии фарҳанг», «Аълочии матбуот» ва ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД