Дар ноҳияи Рашт мардеро, ки падари 14 фарзанд мебошад, барои латукӯби бераҳмонаи чаҳор фарзандаш ҷазо додаанд. Ин падари сангдил аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, барои муносибати бераҳмона нисбат ба фарзандонаш ба пушти панҷара афтидааст.
Дар баёнияи расмии додгоҳ омадааст, ки сокини ноҳияи Рашт Д. Х. бо баҳонаи аз манзили истиқоматиаш гум шудани пулҳояш ба чаҳор фарзанди ноболиғаш суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Ба қавли додрас Абдуҳаким Холиқзода, падари бераҳму шафқат фарзандонашро то ҳадде задааст, ки кӯдакон аз тарсу ваҳшонияти падар аз хона гурехта, ба хонаи хешовандонашон ба деҳаи дигар рафтаанд.
Кӯдакон дар натиҷаи латукӯб ҷароҳатҳое бардоштаанд, ки барои муолиҷаи онҳо на камтар аз 21 рӯз лозим мешавад. Д. Х-ро барои ин рафтораш 7 рӯз дар ҳабс нигаҳ доштаанд ва мард зимни мурофиа ба гуноҳаш иқрор шудааст.
Падари сангдил барои муносибати бераҳмона нисбат ба фарзандони ноболиғаш ба маблағи 11560 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.Дар ин бора Озоди хабар медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки дар кишвари мо латукӯби кӯдакону наврасон ҷиноят ба ҳисоб меравад ва бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ ба шахсоне, ки даст ба чунин амалҳо мезананд, ҷаримаи бузург ё то ду сол маҳрум гаштан аз озодӣ таҳдид менамояд. Аз соли 2018 то 2022 бар зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда боз шуда, 22 падару модар бар асоси ҳамин банди қонун барои “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” ҷазо гирифтаанд.