Arzon march 2024
ОВОЗХОНИ ӮЗБЕКРО БАРОИ ТАҶОВУЗИ НОБОЛИҒ ДАСТГИР КАРДААНД
4077

 

Парвандаи Ҷасур Умиров, овозхони 34-солаи ӯзбек баъди ба итмом расидани тафтишот ба Суди вилояти Самарқанд интиқол дода шудааст. Овозхон ба таҷовуз ба номуси як хонандаи 16-солаи литсейи вилояти Самарқанд, ки ҳанӯз ба синни 18-солагӣ нарасидааст, гунаҳкор дониста мешавад.

Ҳодисаи мазкур моҳи октябри соли гузашта рух дода, онро то ин дам Прокуратураи вилояти Самарқанд тафтиш мекард. Хабаргузории “Газета.uz” менависад, ки Умиров бо духтар тавассути дугонааш шинос шуда, ӯро ба хона даъват намудааст ва баъдан нӯшокии спиртӣ нӯшонида, ба номусаш таҷовуз кардааст. Худи овозхон инро рад карда, гуфтааст, ки бо духтар муносибати маҳрамона надошт ва ба ин кор дӯстонаш, ки онҳо ҳам ҳамон рӯзи ҳодиса дар хона буданд, даст доранд.

Нисбати Умиров бо моддаи 118, қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, яъне “таҷовуз ба номус бо истифода аз зӯроварӣ ё истифода аз нотавонии ҷабрдида” парванда боз шудааст.

Ҳоло овозхон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва агар гуноҳаш собит шавад, ӯро аз 10 то 15 соли зиндон интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД