Arzon march 2024
ОВОЗА ВА ҲАҚИҚАТИ “GIVEAWAY”-И МАВЛУДА АЗИЗОВА
2806

Мавлуда Азизова яке аз ороишгарҳои серхаридори тоҷик ба шумор меравад. Саҳифаи Инстаграми ин зебосанами машҳур 488 ҳазор “подписчик” дорад.
Моҳи декабри соли 2020 дар арафаи соли нави мелодӣ Мавлуда Азизва аввалин бозии “Giveaway” –и худро эълон намуда буд, аммо бозии мазкур ба қавли мардум ба қавле "через" карда шуда буду ғолиби шоҳҷоиза пешакӣ интихоб шуда будааст. Ин сару садоҳо миёни иштироккунандагони бозии мазкур баҳсбарангез гашта, ба қавли эшон Мавлуда аз рафти супоридани тӯҳфаҳо ягон акс дар саҳифааш нагузоштааст.

Шоҳҷоизаи “Giveaway” мошини тамғаи “HYUNDAI AVANTE 2013” буда, ҳамчунин ба ғолибон ду адад телефонӣ мобилӣ, 4 қутии пур аз ороишоти занона, ду ҷоиза ба маблағи 1000 сомонӣ, 5 ҷоиза ба маблағи 500 сомонӣ, ду адад гӯшмонаки беноқил ва ба таври ройгон ба иҷора додани куртаи арӯсиро ваъда дода буданд.

Рӯзи 24-уми январ бозии мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.
Шоҳҷоиза насиби иштирокчии бозӣ @fariksolehov таҳти рақами 33 717 гардид, аммо ба ҷойи автомобил ин ҷавон маблағи пулиро интихоб намуда, соҳиби 90 000 сомонӣ гардид.

Ғолиби Giveaway”ронандаи таксӣ буда, мошини шахсии тамғаи “Опел” доштааст, аз ҳамин хотир ба ҷойи автомобил ӯ мукофоти пулиро интихоб кардааст.

Рӯзҳои наздик сомонаи Оила. ТҶ бо ғолиби ин бозӣ дар тамос шуда, ба саволи “Оё ҳақиқатан бозӣ шаффоф гузашт ё не?” ҷавоб хоҳад ҷуст. Агар ба ин савол посух гирифтан хоҳед, бо Оила. ТЧ бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД